IQNA

22 миллион иштирокчӣ дар маросими Арбаин дар Карбало

18:40 - September 07, 2023
рақами хабар: 425
Иштироки беш аз 22 миллион зоир дар маросими Арбаин дар Карбало, хабарест, ки аз сӯи нахуствазири Ироқ эълон шудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, расонаҳои Ироқ гузориш доданд, ки беш аз 22 миллион зоир дар маросими Арбаини имсол дар шаҳри Карбало ҳузур ёфтаанд.

Тибқи ин гузориш, теъдоди кулли зоирони Арбаини Эмом Ҳусайн (а) дар Карбало ба 22 миллиону 19 ҳазору 146 зоир расидааст.

Нахуствазири Ироқ имрӯз чоршанбе дар нишасти хабарӣ бо фармондеҳони амниятӣ ва мири Карбало муваффақияти ба анҷом расондани барномаи зиёрати Арбаини Эмом Ҳусайн (а)--ро эълон кард.

Созмони ҳавопаймоии Ироқ ҳам имрӯз эълон кард, ки теъдоди парвозҳои зиёратӣ ба мақсади Ироқ дар айёми Арбаин (15 август то 3-уми сентябр) як ҳазору 850 парвоз буда, ки ҳомили беш аз 250 ҳазор зоир будааст.

Вазорати кишвари Ироқ низ эълон кард, ки тарҳи амниятии вижаи Арбаин то бозгашти охирин зоир ба ватан ва шаҳрҳои худ идома дорад.

Холид Алмуҳанно, сухангӯи Вазорати кишвари Ироқ гуфт: тарҳи амниятии вижаи Арбаин бо ризояти фаровони мардум ҳамроҳ буд ва яке аз далоили муваффақияти ин тарҳ омодагиҳои бузургу зерсохтҳои муҷаҳҳазу ифтитоҳи роҳҳои ҷадид ва ҳамчунин кантроли умур аз тариқи дурбинҳои назоратӣ буд.

Нахуствазири Ироқ ҳамчунин аз имрӯз маъмурияти мудирияти маросимҳои зиёратии миллионии Карбалоро ба Созмони ҳаҷҷу умраи ин кишвар ба раёсати Сомӣ Ал-Масудӣ вогузор кард.

22 миллион иштирокчӣ дар маросими Арбаин дар Карбало22 миллион иштирокчӣ дар маросими Арбаин дар Карбало22 миллион иштирокчӣ дар маросими Арбаин дар Карбало22 миллион иштирокчӣ дар маросими Арбаин дар Карбало

captcha