Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Golf News” Райана Барнавӣ, кайҳоннаварди арабистонӣ, аз истгоҳи фазоӣ байналмилалии (ISS) манзараи шигифтангез аз Маккаро ба думболкунандагони худ ироа кардааст.
Ӯ рӯзи ҷумъа, видеоеро дар Тветар ба иштирок гузошт, ки Маккаро дар шаб дар ҳоле, ки Масҷидулҳаром ба сурати як нуқтаи нӯронӣ ба назар мерасад нишон медиҳад.
Барнавӣ бо интишори ин видео дар ҳисоби Тветарии худ навишт: «пас аз итмоми озмоишоти имрӯзам, иттифоқан аз болои Маккаи Мукаррама гузаштем. “Нурун ало нур буд”.
Райана Барнавӣ ва Алӣ Ал-Қарнӣ дар 21 май маркази кайҳонии Кеннеди дар Флорида бо мушаки “Falcon 9 SpaceX” ба фазо партоб шуданд. Онҳо пас аз як сафари 16 соата ба истгоҳи фазоӣ байналмилалӣ расиданд.
Видеои Барнавӣ аз Макка бо истиқболи қобили таваҷҷӯҳе рӯбарӯ шуда ва таҳсини густурдаро барангехта ва ба ҷаҳониён ёдоварӣ мекунад, ки бо вуҷуди фавосили бисёр зиёд, манзара аз фазо метавонад чашмандози ҷадидеро ба маконҳои муҳимми рӯи замин биёварад.
https://iqna.ir/fa/news/4143892