IQNA

Иҷрои тарҳи омӯзиши саҳеҳхонии Қуръон дар Сомиро + акс

19:47 - September 25, 2023
рақами хабар: 493
Ироқ (ИКНА) ба муносибати солрӯзи шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) зиёратгоҳи муқаддаси Аскарӣ ва зиёратгоҳи Аббосӣ, тарҳи омӯзиши саҳеҳхонии Қуръони Каримро барои зоирони маросими бузургдошти шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) иҷро мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, остони муқаддаси Аскарӣ ба ҳамроҳи остони муқаддаси ҳазрати Абалфазли Аббос (а) тарҳеро барои омӯзиши саҳеҳхонии Қуръони Карим ба зоирони азодори солрӯзи шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар Сомиро роҳандозӣ карданд.

Шайх Ҷавод Насровӣ, мудири муассисаи Қуръони Карими муҷтамеи илмии Қуръони Карими ҳарами ҳазрати Абалфазли Аббос (а) дар суханоне перомуни ин мавзӯъ, гуфт: муассисаи Қуръони Карим бо ҳамкории дорулқуръонулкарим дар остони муқаддаси Аскарӣ, дар солрӯзи шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) барномае барои омӯзиши саҳеҳ хондан ба зоирони имомани Аскарияйнро роҳандозӣ кардаанд. 

Вай афзуд: теъдоди истгоҳҳое, ки барои ироаи хадамот ба зоирон мустақар шуданд, болиғ бар чаҳор истгоҳи омӯзишӣ аст, ки дар муҳавватаи ҳарами имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва атрофи он бо ҳадафи омӯзиши хондани саҳеҳи сураи муборакаи Фотиҳа ва чанд сураи кӯтоҳи дигар аз Қуръони Карим мустақар шудаанд.

Шайх Ҷавод Насровӣ бо баёни инки ин тарҳ барои панҷумин сол бо ҳамкории ин ду остони муқаддас баргузор мешавад ва 19 нафар аз асотиди мутахассис дар он ҳузур доранд, хотирнишон кард: муваффақияти бузурге, ки ин тарҳ дар зиёрати Арбаин ба даст овард, ангезаи бузурге барои таъсиси ин барнома дар Сомироро рақам зад то аз ин тариқ ба зоирон хидматрасонӣ шавад, ки ба муносибати солрӯзи шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба Сомиро меоянд.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар 8 рабеул аввали соли 260 қамарӣ, дар 28 солагӣ дар Сомиро ба шаҳодат расид ва дар канори марқади падари гиромиашон дафн шуданд. Мадфани ин ду имоми бузургавор ба ҳарамайни Аскарияйн машҳур аст.

اجرای طرح آموزش صحیح‌خوانی قرآن کریم برای زائران امام سامراء + عکس

https://iqna.ir/fa/news/4170766

captcha