IQNA

Дар вебинари Конфронси Ваҳдати Исломӣ матраҳ шуд;

Амният аз муҳиммтарин арзишҳои муштараки мусулмонон аст

20:50 - September 29, 2023
рақами хабар: 516
Теҳрон (ИКНА) вебинари сию ҳафтумин Конфронси Ваҳдати Исломӣ бо суханронии шахсиятҳое аз Эрон ва кишварҳои исломӣ бо унвони "Ҳамкориҳои исломӣ барои дастёбӣ ба арзишҳои муштарак" дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ба гузориши равобити умумии Маҷмаъи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ, ҳуҷҷатул ислом Ҳамиди Ҳаҳрёрӣ, дабири кулли Маҷмаъи Тақриб дар вебинари сию ҳафтумин Конфронси Ваҳдати Исломӣ, тасреҳ кард: сию ҳафтумин Конфрониси Ваҳдати Исломиро дар ҳоле шурӯъ мекунем, ки бисёре аз мафоҳим ва масоили назарӣ дар ҳавза Ваҳдати Исломӣ дар тайи чанд даҳаи ахир аз тарафи донишмандон ва фарҳехтагон ва уламо табйин шуда ва тамаркузи Имсолии мо дар Конфронс бар ҷанбаҳои амалии Ваҳдат аст. Ба ҳамин ҷиҳат унвони Конфронси Ваҳдати Имсолро «ҳамкориҳои исломӣ барои дастёбӣ ба арзишҳои муштарак» интихоб кардем. Арзишҳои муштараке, ки метавонад ҷаҳони муосирро дучори тағйир ва таҳаввулоти ахлоқӣ кунад ва мо шоҳиди ҷомеаи исломӣ ва ҷаҳони саршор аз сулҳ ва оромиш бошем. 

Раиси Ҷамъияти уламои Покистон: Иттиҳоди мусулмонон як зарурат аст

امنیت از مهمترین ارزش‌های مشترک مسلمانان است

Мавлавӣ Соҳибзода Абулхайр Зубайр, раиси Ҷамъияти уламои Покистон, дар нахустин вебинар сию ҳафтумин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ таъкид кард: бидуни шак ваҳдати уммати исломӣ дар ҳар бурҳае аз таърих зарурӣ будааст, аммо имрӯз зарурати он беш аз ҳар замони дигаре эҳсос мешавад. Виқор ва иззат ва обрӯи уммати исломӣ дар гарави ҳамин иттиҳоди исломӣ аст ва душман инро медонад, ба ҳамин далел ҳамеша ба думболи эҷоди ихтилоф дар миёни уммати исломӣ аст зеро агар мусулмонон муттаҳид шаванд, кулли ҷаҳонро хоҳанд гирифт.

Ин олими покистонӣ пешниҳод дод, ки бар муштаракоти мусулмонон яъне ваҳдонияти Худованд, рисолати ҳазрати Муҳаммад (с), рӯзи қиёмат, Қуръон; Охирин китоби осмонӣ, намоз, рӯза ва ҳаҷ таъкид карда ва онҳоро барҷаста кунем ва нагузорем касе ба масоили ихтилофӣ доман бизанд.

Раиси Ҷомеаи имом Аҳмад ибни Ирфон Шаҳид; Мусулмонон бидуни ҳеҷ тардиде бародари якдигаранд 

امنیت از مهمترین ارزش‌های مشترک مسلمانان است

Шайх Сайид Салмон Ҳусейни Надви, раиси Ҷомеаи имом Аҳмад ибни Ирфон Шаҳид дар Ҳинд, дар вебинари сию ҳафтумин Конфронси Ваҳдат, ки аз сӯи маҷмаъи Ҷаҳонии Тақриб баргузор мешавад, гуфт, ки бидуни шак мусулмонон уммати воҳида ва бародари якдигар ҳастанд. Вай бо ишора ба ояте аз Қуръони Карим дар робита бо тамасхур ва айбҷӯӣ накардани мусулмонон аз якдигар, идома дод: ончи дар китоби Худованд омада, дар суннати Паёмбари Акрам (с) ва сираи Аҳлу Байт (а) низ бар он таъкид шудааст. Ҳатто ин мафоҳим дар сира саҳобаи гиронқадри Паёмбари Акрам (с) вуҷуд доранд.

Ин олими ҳиндӣ дар поёни гуфт: Эрон, ба унвони кишвари саромад, сипас кишварҳои уммати исломӣ ва сипас кишварҳои дорои ақаллияти мусулмон бояд гирдиҳам оянд то ингуна уммати исломӣ даври ҳам ҷамъ шаванд ва ҳамкорӣ ва бародарӣ миёнашон шакл гирад. 

Муфтии Дорул Исломи Танзания: Ваҳдат миёни мусулмонон ҳадафи ниҳоӣ уммати исломӣ аст

امنیت از مهمترین ارزش‌های مشترک مسلمانان است

Шайх Мӯсо Солим, муфтии Дорул Исломи Танзания дар вебинари сию ҳафтумин конфронси байналамлли ваҳдати исломӣ изҳор дошт: наздик шудани мазоҳиби исломӣ ба якдигар дар ин бурҳа аз замон яке аз мавзӯъоти бисёр муҳим аст. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефрмоед: وَاعتَصِموا بِحَبلِ اللَّهِ جَميعًا وَلا تَفَرَّقوا "Ҳамаи мо бояд ба Қуръони Карим ва дини Ислом чанг бизанем, ба он тамассук ҷӯем ва мутафарриқ нашавем.

Муфтии Дорул Исломи Танзания зимни қадрдонӣ аз Маҷмаъи Ҷаҳонии Тақриб перомуни баргузории Конфронси Ваҳдат ва эҳтимом ба ин масъала изҳор дошт: ин Маҷмаъ талош дорад то дидгоҳҳои мухталифро ба якдигар наздик кунад. Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ, Маҷмаъи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломиро бо ҳадафи ваҳдати уммати исломӣ, таъсис карданд. Яке аз муҳиммтарин аҳдофи Маҷмаъи Ҷаҳонӣ эҷоди эҳтироми мутақобил миёни уламо, мусулмонон ва мӯъминон аз мазоҳиби мухталиф ва дидгоҳҳои дигарон аст.

Раиси Шӯрои Уламои аҳли суннати устони Ал-Анбори Ироқ; Қудрати уммати исломӣ дар тамассук ба Қуръон аст

امنیت از مهمترین ارزش‌های مشترک مسلمانان است

Шайх Ҷалол Ал-Кабисӣ, раиси Шӯрои уламои аҳли суннати устони Ал-Анбори Ироқ, дар вебинари сию ҳафтумин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ бо қадрдонӣ аз Маҷмаъи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ, ба далели баргузории нишастҳо ва конфронсҳои мутааддид гуфт: баргузории сию ҳафтумин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ тавассути Маҷмаъ баёнгари иродаи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тақвияти Ваҳдати исломӣ аст.

Вай афзуд: чунин иқдоме ҳамчунин нишон медиҳад, ки Эрони исломӣ барои ҷамъкардани умамти исломӣ зери як парчами воҳид талоши зиёде анҷом медиҳад. Ин ҳамон чизе аст, ки Худованди Мутаол, Расули Акрам (с) ва Аҳли Байти исмат ва таҳорат (алайҳимуссалом) аз мо хостаанд.

Халил Ҳамдон, узви аршади Ҷунбиши Амали Исломии Лубнон, изҳор дошт, ки имом Хумайнӣ (ра) поя ва асоси Ваҳдати исломиро бино ниҳод ва пас аз эшон, имом Хоманаӣ ин роҳро бо қудрат ва бидуни вақфа идома доданд. Вай таъкид кард, ки башарият ҷуз аз тариқи тамассук ҷустан ба адолат ва марҷаъият қарор додани ҳақ наметавонад ба сулҳ даст ёбд ва ҳаллу фасли мушкилот ва муъзалоти мустазъафон ва мазлумон низ аз ҳамин масир аст.

Шайх Муҳсин Оли Асфур, раиси Маҷлиси Авқофи Ҷаъфарии Баҳрайн, дар вебинари сию ҳафтумин Конфронси Ваҳдат, ки аз сӯи Маҷмаъи Ҷаҳонии Тақриб баргузор мешавад, изҳор дошт: раҳбарони ҷаҳони Ислом метавонанд нақши худро дар тарсими сиёсати ҷаҳонӣ ва кумак ба раҳоӣ мардуми ҷаҳон аз бардагӣ таҳқиромези истеъмори империалистӣ ва истибдоди низомии ҳоким ифо кунанд то мардум битавонанд ба озодӣ ва каромат ва иззат даст ёбанд.

https://iqna.ir/fa/news/4171763

captcha