IQNA

Ҳунари тиловати Қуръон / 10

Муҳаммад Абдулазиз Ҳисон; Талфиқ кунандаи сабкҳои қадимӣ ва муосири қироат

6:23 - October 02, 2023
рақами хабар: 523
Теҳрон (ИКНА) дар Миср қориёни барҷастаи бисёре зуҳур кардаанд. Муҳаммад Абдулазиз Ҳисон, ки худ аз ин қориёни соҳиб сабк аст, талош карда дар тиловатҳои худ, бо талфиқи сабкҳои қадим ва ҷадид, навъе аз сабки тиловати Қуръонро ибдоъ кунад.

Муҳаммад Абдулазиз Ҳисон аз соли 1964 мелодӣ вориди радиои Миср шуд ва то соли 2003, ки аз дунё рафт, ҳамвора дар авҷи пухтагӣ қарор дошт ва тамоми тиловатҳои эшон фохир аст.

Яке аз касоне, ки бар устоди Ҳисон таъсир гузошта, устод “Муҳаммад Салома” будааст. Ҳангоме, ки устоди Ҳисон дар шаҳри “Ғарбия”-и Миср аввалин тиловати худро анҷом медиҳад, устод салома ин тиловатро гӯш карда ва восита мешавад, ки Ҳисон ба радиои Миср ворид шавад. Нуктаи дигар инки сабки тиловати қориёни сокин дар Ғарбияи Миср ба ин сурат аст, ки умдатан шабеҳ ба ҳам тиловат мекунанд, аммо метавонем бигӯем, ки тиловатҳои қориёни назири “Мансур Бадор” ё “Алӣ Маҳмуд” наздик ба тиловати Ҳисон будаанд.

Бо ҳамаи ин авсоф, Ҳисон як қории мунҳасир ба фард буда ва яке аз масоили муҳим ин аст, ки мушаххас шавад Ҳисон читавр ба ин сабк расидааст. Сабки тиловатҳои Ҳисон ба наҳве аст, ки гӯё миёни сабкҳои қадимӣ ва муосир ҷамъ кардааст; Яъне ҳам асолати қориёни қадимӣ ва радаи аввали Мисрро дар ин тиловатҳо мебинем ва ҳам бисёр муосир шудааст. Аз тарафе барои Ҳисон тариқае дар тиловат номгузорӣ шуда, ки номаш тариқаи Ҳисония аст. Бинобар ин Ҳисон ба унвони як қории мубаддиъ матраҳ аст ва шояд беш аз инки аз дигарон таъсир пазируфта бошад тавониста бо ин сабки мунҳасир ба фард бар дигарон таъсир бигузорад; Чӣ инки ба назар мерасад пеш аз эшон ҳам касе, ки монанди эшон тиловат кунад, надоштаем.

Ҳисон алҳони омаписанд ва хосписанд дорад. Масалан дар тиловати сураи Ҳуд корҳои омаписандтаре анҷом дода, аммо дар бархе тиловатҳо ҳам аз алҳони хос ва душвор баҳра бурдааст. Бинобар ин агар қарор аст касе аз Ҳисон тақлид кунад, бояд ба ин тафкик таваҷҷуҳ дошта бошад то бо интихоби дурусти алҳон, мухотаби худро розӣ нигаҳ дорад.

Устод Ҳисон ҳудуди 150 тиловати фохир ва шоҳкор дорад. Аз ин миён метавон ба ин маворид ишора кард: тиловати сураҳои Муззамил, Муддасир, Мутаффифин; Тиловати сура Арраҳмон; Се тиловат аз сураҳои Наҷм ва Қамар; Тиловат аз сураҳои Исароъ ва Наҷм; Тиловат аз сураҳои Инсон ва Мурсалот; Тиловат аз сураи Намл; Тиловат аз сураҳои Қоф ва Зориёт; Тиловат аз сураи Байина.

Амини Абдӣ, қории мумтози Қуръони Карим

captcha