IQNA

Ҳунари  тиловати Қуръон / 12

Ҷаззобияти тиловати устод Шаҳот барои завқҳои гуногун

14:51 - October 07, 2023
рақами хабар: 532
Теҳрон (ИКНА) марҳум устод Шаҳот Муҳаммад Анвар, илова бар садои хос ва тасаллут бар алҳон ва иҷрои зебои муаккадот, шахсияти бовақор ва пироста дошт ва тиловатҳои ӯ мавҷе аз оромишро ба мухотаб илқоъ мекард.

Марҳум устод Шаҳот Муҳаммад Анвар (1950 - 2008) бо тиловатҳои масҳуркунандааш ҷараёни тиловати Қуръонро дар ҷаҳон мутаҳаввил кард. Ӯ дар ҳангоми вафот танҳо 57 сол син дошт ва дар 10 соли поёнии умраш ба иллати беморӣ натавонист тиловат кунад. Шаҳот Муҳаммад Анвар, охирин қорӣ аз насли тилоӣ қориёни Миср буд, ки «امیرالنغم» (Ҳокими нағмаҳо) лақаб гирифт.

Муваффақияти Шаҳот беш аз ҳанҷараи пурқудрат ва тасаллути ӯ бар алҳон, вобаста ба шахсияти бовақор, матин ва бо ахлоқи ӯ буд. Шаҳот, Ғалваш, Мутаваллӣ Абдулъол ва ... Қорёне буданд, ки ҳанҷараи онон на барои касби мақом дар мусобиқот ва на барои нафъи моддӣ, балки барои тарвиҷи паёми Худованди Мутаол дар ҷомеа ба кор гирифта шуд. Мурур ва бозхонии зиндагии ин бузургон метавонад моро ба мероси маънавии қироати Қуръон бештар таваҷҷуҳ диҳад ва аз ҷиҳати фаннӣ низ аз бероҳҳрафтанҳо ҷилавгирӣ кунад.

Аҳамияти тиловати устод Шаҳот Анварро аз ду манзари савт ва лаҳн метавон баррасӣ кард. Илова бар савт ва лаҳн, рӯҳи ҳоким бар тиловат, маънавият ва вазонати тиловати Шаҳот низ қобили баррасӣ аст. Ҳамин маънавият, нуқтаи қуввати тиловати ӯ маҳсуб мешавад.

Аз садои Шаҳот шурӯъ кунем; Садои хонандагони мазҳабӣ ва қориёни шимоли Африқо ва ғарби Осиё бами ҳаҷим ва қавӣ аст, дар ҳоле, ки дар шарқи Осиё асвот, ғолибан нозук аст. Бинобар ин салоиқ ва завқҳои мардум мутафовит аст, аммо баъзе аз асвот метавонад тамом салиқаҳои ҷаҳонро сероб кунад. Садои устод Шаҳот чунин буд ва ҳамаи мардум, аз шарқи Осиё то Ғарб ва балки ҳамаи ҷаҳон, онро меписандиданд. Вижагиҳои монанди иртифои савтӣ, таҳрирпазирӣ ва занги садо, садои Шаҳотро хос карда буд.

Назми вижа дар зиндагии Шаҳот

Тиловати Шаҳот қобили тақлид аст ва тавониста ҷараёнсозӣ кунад. Тиловатҳои Шаҳот ба лиҳози оромиш ва парҳез аз шулуғкории лаҳнии воқеан вазин буд.

Ҳар асари ҳунарӣ, ҷараён ва саррези рӯҳии ҳунарманд аст. Ба назарам агар дар тиловати устод Шаҳот таваҷҷӯҳ кунем, оромиш, митонат ва маънавияти вижаеро мебинем, ки реша дар шахсияти бовақори ӯ дорад.

Агар нигоҳе ба таърих дошта бошем, нақл шудааст, ки устод Шаҳот аз соли 1979 то 1984 мелодӣ бештарин омори тиловатҳои фаҷргоҳиро дар Миср доштааст. Қории субҳгоҳӣ бояд омодагии савтӣ ва назми вижае дошта ва аҳли маънавият дар зиндагиаш бошад. Масалан зуд шом бихӯрад, ба мавқеъ бихобад ва ... Ин маворид барои як қории ҳирфаӣ хеле муҳим аст.

Теъдоде аз тиловатҳои бошукӯҳ ва фохири устод, мисли тиловати сураҳои Қалам, Ҳоққа ва Маъориҷ, тиловати сураи Нисоъ, тиловати сураи Фотир ва сураи Ғофир дар фаҷр (замони тулӯъи офтоб) анҷом шудааст. Тиловати фаҷргоҳии сураи Ғофир дар соли 1979 мелодӣ аввалин тиловати устод Шаҳот Анвар буд, ки ба таври расмӣ ва мустақим аз радио Миср пахш шуд ва бо ин тиловат ҳама Ҳаҳотро шинохтанд. Агар ба он тиловат муроҷиа кунем, як нуктаи лаҳнии ҷолиб ҳам дорад; Ӯ дар он даврон мутаассир аз тиловатҳои Шайх Саид Занотӣ будааст. Шаҳот баъдан оҳиста оҳиста мустақилтар тиловат кард.

Аммо дар бахши лаҳн, чанд вижагии мунҳасир ба фард аз Шаҳот мешнавем, ки тақрибан ӯро аз қориёни мактаби шарқияи Миср мисли Маҳмуд Исмоил Шариф, Саид Занотӣ, Муҳаммад Аҳмад Шабиб ва Маҳмуд Ҳамди Замил, мутамоиз мекунад. Он вижагӣ ин аст, ки Шаҳот дар танзими лаҳн бар калом, ба гунае амал мекунад, ки шумо тиловати равон мешнавед. Ӯ ҳам ба мусиқии каломӣ ишроф дорад ва ҳам ба мусиқии мақомӣ (дастгоҳӣ).

 

captcha