
Муҳаммад Ғозӣ Ҳамд, ҷавони фаластинии аҳли Навори Ғазза, видиоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирок гузошта, ки бо истиқболи густардаи корбарони фазои маҷозӣ мувоҷеҳ шудааст.
Вай дар ҳисоби расмӣ дар шабакаи Твитер пустеро мунташир кардааст, ки дар он мегӯяд: «ба хонамон, ки дар бомбаборони ҳавоӣ режими саҳюнистӣ вайрон шуда буд сар задам то онро бозрасӣ кунам, хилват буд ва дуд ва оташ онро фарогирифта буд ва забт ҳануз қироати Қуръон мехонд, паёмҳои Худо барои мо бисёр аст.»
Дар видеои интишор ёфта, оёти зер аз сӯраи муборакаи Бақара дар ҳоли пахш аст:
وَآمِنُوا بِمَا أَنْزَلْتُ مُصَدِّقًا لِمَا مَعَكُمْ وَلَا تَكُونُوا أَوَّلَ كَافِرٍ بِهِ وَلَا تَشْتَرُوا بِآيَاتِي ثَمَنًا قَلِيلًا وَإِيَّايَ فَاتَّقُونِ ﴿۴۱﴾ وَلَا تَلْبِسُوا الْحَقَّ بِالْبَاطِلِ وَتَكْتُمُوا الْحَقَّ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ ﴿۴۲﴾ وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ ﴿۴۳﴾ أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنْسَوْنَ أَنْفُسَكُمْ وَأَنْتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ أَفَلَا تَعْقِلُونَ ﴿۴۴﴾
"Ва бидончи нозил кардаам, ки муайиди ҳамон чизе аст, ки бо шумост имон оред ва нахустин мункири он набошед ва оёти маро ба баҳои ночиз нафурӯшед ва танҳо аз ман парво кунед (41) ва ҳақро ба ботили дарнаёмезед ва ҳақиқатро бо онки худ медонед китмон накунед (42) ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва бо рукӯъ кунандагон рукӯъ кунед (43) оё мардумро ба некӣ фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед, бо инки шумо китоби [Худо]-ро мехонед оё [ҳеҷ] намеандешед? (44)