Хабарнигори Алҷазира, мустақар дар Навори Ғазза ҳамчунин гузориш дод, ки ҷангандаҳои исроилӣ як воҳиди маскӯнӣ дар шаҳри Ҳамд дар Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд, ки дар ҷараён низ 2 тан шаҳид ва ҳафт тани дигар захмӣ шуданд.
Ин иқдоми режими саҳюнистӣ, таъкиде бар ин хӯи саҳюнистҳост, ки таваҷҷӯҳе ба вокунишҳо намекунанду роҳи худро дар тадовуми қатли оми миллати Фаластин идома хоҳанд дод.
Мардуми кишварҳои мухталифи исломӣ ва арабии дигар низ дар вокуниш ба ҷинояти Исроил, ки онро намӯнае аз ваҳшигарии қарни 21 хонданд, дар хиёбонҳо ҳузур ёфта ва алайҳи Исроил шиори сардоданаду хашми хешро бо ба оташ кашидани парчами режими саҳюнистӣ ва тасвири Натаняҳу ба намоиш гузоштанд.