Ба гузориши Фаластин Ал-Явм, эътиқод ба тақдири илоҳӣ ва муқовимат устураи мардуми Ғазза аз зан ва мард, пир ва ҷавон дар баробари масоиби бузурге, ки ин рӯзҳо режими ишғолгар бо ҳамалоти хунбори худ барои онҳо рақам зада бисёр тааммул барангез аст.
Шаби гузашта дар лаҳзоте, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ хонаҳои шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғаззаро ҳадафи мушак мегирифтанд як бонуи фаластинӣ дар яке аз ҳамин хонаҳо барои оромиши худ ва хонавода машғули қироати Қуръон буд, ки яке аз ҳамон мушакҳо ба хонаи онҳо ҳам исобат мекунад.
Замоне, ки имдодгарон барои наҷоти зиндаҳои эҳтимолӣ ё берун кашидани аҷсод аз зери овори хонаҳо рафта буданд бо камол итааҷҷуб мебинанд, ки ин зани фаластинӣ дар зери овор нусхае аз Қуръонро маҳкам дар дастонаш нигаҳ доштааст.
Бонуи фаластинӣ бо интиқол ба бемористони Носир дар маркази шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза дар ҳини мудово ва пас аз он тавассути кормандон ҳам иҷоза намедиҳад Қуръонро аз ӯ бигиранд ва мегӯяд, ки дард ва захми мусибате, ки душман бар сарашон оварда бо дидан ва хондани оёт илоҳӣ марҳам мебахшад.