Манобеи хабарии Фаластин гузориш доданд, ки дар ҷараёни ҳамалоти артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ аз шаби гузашта то субҳи имрӯз ба минтақаи марказии Навори Ғазза беш аз 110 шаҳрванди фаластинӣ шаҳид шудаанд.
Дар манотиқи шарқӣ ва марказии Навори Ғазза низ артиши режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз бо тӯпхона манотиқи маскуниро ҳадаф қарор дод, ки дар асари он шуморе аз Фаластиниҳо шаҳид ё захмӣ шуданд.
Шабакаи Ал-Маёдин эълом кард бештари афроде, ки субҳи имрӯз дар ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ ба Навори Ғазза шаҳид шуданд, кӯдак ҳастанд.
Дар идома видеоӣ аз вазъияти асафноки бемористони Ал-Ақсо дар минтақаи Ал-Вусторо мушоҳида мекунед, ки пур аз аҷсоди кӯдакон шудааст.
https://iqna.ir/fa/news/4176968