IQNA

Иқомаи намози шаб ба ёди қурбониёни Ғазза дар Босния

21:48 - October 28, 2023
рақами хабар: 633
Босния (ИКНА) масҷиде дар Сараево пойтахти Босния аз намозгузорон хост барои қурбониёни Ғазза намози шаб бихонанд ва дуо кунанд.

Пас аз ташдиди ҳамалоти режими палиди Исроил ба Ғазза, масҷиде дар пойтахти Босния ва Ҳерсеговина аз мусулмонон хост то дар намози шаб барои Фаластиниён ширкат кунанд.

Садруддин Исрич, имом ҷамоати масҷиди Император (Emperor) дар Сараево, гуфт, ки онҳо барои мардуми мазлуми Ғазза ва дар ҳимоят аз Фаластин намоз хоҳанд хонд.

Садруддин Исрич, дар Фейсбук гуфт: ин хабарро пахш ва дигаронро ба намози шаб даъват кунед. Садҳо нафар ин пустро ба иштирок гузоштанд, дар ҳоле, ки бисёре дигар изҳори назар карданд ва гуфтанд, ки дар хона намоз хоҳанд хонд ва барои Фаластиниён дуо хоҳанд кард.

2,3 миллион нафари сокини Навори Ғазза бо камбуди ғизо, об, дору ва сӯхт рӯбарӯ шудаанд ва комиюнҳои кумакрасоне, ки ахиран муҷаввизи вуруд ба Навори Ғазза гирифтаанд танҳо бахши ночизе аз ончиро, ки мавриди ниёз аст ба ин минтақа ҳамл кардаанд. 

Наздик ба 8 ҳазор фаластинӣ дар ҳамалоти артиши Исроил ба Ғазза кушта шудаанд. Бар асоси омори расмӣ, ҳудуди 70 дарсад аз қурбониён дар ҷанги Ғазза занон ва кӯдакон ҳастанд.

https://iqna.ir/00HWy6

captcha