IQNA

Барномаи Арабистон барои бозгашти теъдоди ҳоҷиён ба рақамҳои пеш аз корона

9:24 - June 03, 2023
рақами хабар: 66
Масъулони Арабистон мегӯяанд теъдоди ҳоҷиён дар соли ҷорӣ ба оморҳои қабл аз ҳамагирии корона хоҳад расид. ,

Ба гузориш “ИКНА”, ба нақл аз рӯзномаи “Ашарқу-л-авсат”, муовини вазири ҳаҷ ва умри Арабистони Саудӣ, Абдулфаттоҳ Машшот гуфт: вазорати ҳаҷ дар мушаххас кардани теъдоди зоирони кишварҳо аз ҳамон созукори қабл аз ҳамагирии корона истифода кардааст зеро ҳадаф ин аст, ки теъдоди зоирони ҳаҷ ба ҳамон теъдоди қабл аз ҳамагирии корона бозгардад.

Вай бо таъкид бар инки мавсими ҳаҷҷи феълӣ мунҳасир ба фард аст ва ҳамаи хадамот дар маконҳои муқаддас омодааст, афзуд: тарҳҳои пешгирона барои муқобила бо ҳар мавриди таъҷилӣ дар соли ҷорӣ тадорук дида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, риёсати кулли умури Ҳарамайни Шарифайн дар Макка ва Мадина, тарҳи амалиётии ин дастгоҳ барои ҳаҷҷи имсолро, ки аз он ба бузургтарин тарҳ дар тӯли таърихи ин амокин ёд шудааст, оғоз кард.

Абдурраҳмон Судайс, раиси кулли умури ҳарамайни шарифайн бо эъломи ин хабар дар рӯзи панҷшанбе гуфт: ин тарҳи амалиётӣ дорои меҳварҳое аст, ки бо аҳдофи чашмандози 2030 кишвар дар иртибот аст.

Вай бо таъкид бар инки меҳварияти ин тарҳи амалиётиро меҳмонон ташкил медиҳанд, афзуд: ҳадафи тарҳҳо ва барномаҳои мо ин аст, ки меҳмонон таҷрибаи пурбореро сипарӣ кунанд.

Абдурраҳмон Судайс бо таъкид бар инки риёсати кулли умури Ҳарамайни Шарифайн дар барномаи имсол, асоси корро иқдомоти довталабона ва башардӯстона қарор додааст, афзуд: талош мешавад Ҳарамайни Шарифайн бузургтарин амокуни ҷамъ кунандаи довталабон дар ҷаҳон бошад чун ба қудрати ҷавонон барои хидмат ба зоирон имон дорем.

Вай бо ишора ба инки тарҳи хидмат расонӣ ба зоирон шомили ҳамаи амокуне мешавад, ки зоирон ба онҳо тараддуд хоҳанд дошт, баён кард: дар мавсими ҳаҷҷи соли ҷорӣ, 185 барнома дар Масҷидулҳаром ва масҷиди Паёмбар (с) ироа хоҳад шуд.

Судайс бо ишора ба инки кодри имсол риёсати кулли умури Ҳарамайни Шарифайн бузургтарин кодр дар таърихи ин амокини муқаддас аст, афзуд: маҷмӯъи неруҳои фаъол дар Ҳарамайни Шарифайн ба 14 ҳазор нафар мерасад.

4145384

captcha