Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” ба нақл аз як масъули амрикоӣ навишт: 90 дарсад аз бомбаҳое, ки исроилиҳо алайҳи Навори Ғазза истифода карданд бо моҳвораҳо ҷиҳатёбӣ мешуданд. Бархе аз ин бомбаҳо яктон вазн доштанд.
Дафтари расонаӣ давлати Ҳамос дар Навори Ғазза рӯзи якшанбе эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябр токунун 40 ҳазор тон маводди мунфаҷираро бо ҳадафи ғайриқобили сукунат кардани ин борика, бар сари мардуми мазлуми Фаластин андохтааст.
Салома Маъруф, раиси дафтари расонаӣ Ҳамос дар севумин рӯзи оташбаси муваққат байни Телавив ва ин ҷунбиш, ки аз субҳи ҷумъа иҷроӣ шуд, баёнияе мунташир кард.
Салома Маъруф, дар ин баёния овардааст: неруҳои ишғолгари саҳюнистӣ 40 ҳазор тон маводди мунфаҷира аз оғози ҷанг бар рӯйи Навори Ғазза андохтаанд, ки токунун ҳеҷ ишорае ба он дар расонаҳои ҷамъӣ дар сатҳи байналмилалӣ нашудааст.
Ин мақоми ҷунбиши исломии Ҳамос таъкид кард, ки бомбаҳои истифода шуда дар ин ҷанг ҳамагӣ дорои фановарии ҷадиде буданд, ки ҳадафҳои дақиқе интихоб мекунанд.
Марк Гарласко, бозраси собиқи ҷиноёти ҷангии Созмони Милал дар Либия, мушовири низомӣ ва коршиноси байналмилалӣ, дар мусоҳиба бо Вашингтон Пост гуфт, ки бомбаҳое, ки Иёлоти Муттаҳида дар як сол бар рӯйи Афғонистон андохт, тавассути Исроил бар рӯйи Ғазза, ки бисёр кӯчактар аст дар арзи як ҳафта партоб шуд.
Ӯ, ки ҳамчунин ба унвони мураббӣ дар муассисаи таҳқиқоти ҷиноии байналмилалӣ кор мекунад ва дар ҳоли ҳозир тимҳои ташкилшуда дар мавриди ҷиноёти ҷангӣ дар Украинаро омӯзиш медиҳад, гуфт, ки анҷоми бархе иштибоҳот дар хусуси даргирии Исроил ва Фаластин афзоиш хоҳад ёфт.
Марк Гарласко гуфт: Исроил дар муддати 6 рӯз 6 ҳазор бомба бар рӯйи Ғазза партоб кардааст. Шумори бомб ва муҳиммоти дигар, ки дар як сол дар тӯли ҷанги Афғонистон истифода шуд дар ҳудуди 7 ҳазор ва 423 бомб аст. Илова бар ин, тибқи гузориши Созмони Милал, НАТО 7 ҳазор ва 600 бомб дар тӯли ҷанг дар Либия партоб кардааст.
Аз сӯи дигар ин рӯзнома навишт, ки тасовири ҳамлаи Исроил ба бандари Ғазза саволоте дар бораи истифода аз фосфори сафедро матраҳ кардааст.
Ин рӯзнома навишт: видеое, ки рӯзи чаҳоршанбе гирифта шуда ва тавассути Вашингтон Пост таъйид шуда, шиллики ду гулӯлаи тӯп ва сипас баланд шудани дуди сафедро нишон медиҳад. Истифодаи ин муҳиммот алайҳи ғайринизомиён метавонад боиси осеби ҷиддӣ шавад.
Дидабони ҳуқуқи башар дар баёнияи худ бо ишора ба истифодаи режими палиди Исроил аз фосфори сафед дар амалиёти низомӣ дар Ғазза ва Лубнон таъкид кард, ки истифода аз фосфори сафед дар манотиқи пурҷамъият хилофи қонун аст ва режими ҷинояткори Исроил бояд посухгӯ бошад.
Артиши режими кӯдаккуши Исроил эълом кард, ки ҳудуди 6 ҳазор бомб дар шаш рӯз бар рӯйи Навори Ғазза, ки аз 7 октябр дар муҳосира қарор дорад, партоб шудааст.
https://tajikpress.com/2023/11/27/