Ба гузориши Алҷазира, Зин Самир Абудаққа, фарзанд филмбардори шаҳиди фаластинӣ, Самир Абудаққа, оёте аз сураи муборакаи Анкабутро тиловат ва онро ба падари шаҳидаш тақдим кард. Зин дар видеое ки аз сӯи шабакаи Алҷазира интишор ёфтааст, оёти 56 ва 57 аз сураи муборакаи Анкабутро тиловат ва онро ба падари шаҳидаш тақдим кард.
يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ أَرْضِي وَاسِعَةٌ فَإِيَّايَ فَاعْبُدُونِ (۵۶) كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ثُمَّ إِلَيْنَا تُرْجَعُونَ: “Эй бандагони ман, ки имон овардаед замини ман фарох аст танҳо маро бипарастед. (56) Ҳар нафсе чашандаи марг аст онгоҳ ба сӯи мо бозгардонда хоҳед шуд”. (57)
Рӯзи ҷумъа 14 декабр Алҷазира эълом кард, ки Самир Абудаққа, аккоси ин шабака баъд аз 20 сол ҳамкорӣ бо Алҷазира дирӯз ҳадафи низомиёни режими палид ва ҷинояктори Исроил қарор гирифт ва маҷрӯҳ шуд. Дақоиқе баъд дар ҳоле ки Самир Абудаққа, талош мекард ба рағми ҷароҳати шадид худро аз маҳали ҳамла хориҷ кунад бори дигар ҳадаф қарор гирифт ва ба шаҳодат расид.
Воил Абудаҳдуҳ, хабарнигори Алҷазира дар ҷануби Навори Ғазза низ, ки дар рӯзҳои нахусти ҷанг, хонаводааш дар як бомбаборон шаҳид шуданд низ дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуд, аммо қабл аз ҳамлаи дувум тавонист худро аз маърака хориҷ кунад ва таҳти дармон қарор бигирад.
Бо шаҳодати Самир Абудаққа, омори шуҳадои хабарнигор дар борикаи Ғазза аз ибтидои ҷанги таҷовузкоронаи артиши ишғолгари алайҳи ин минтақа ба 90 нафар афзоиш ёфт.
Пайкари Самир Абудаққа ва се тан аз неруҳои дифои маданӣ ба бемористони Носир дар Ғазза мунтақил шуданд.