Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати Авқофи Миср аз баргузории 31-умин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз, тиловат, тафсир ва тарҷумаи Қуръони Карим дар соли 2024 мелодӣ хабар дод. Ба гуфтаи ин вазоратхона ин мусобиқа низ дар чорчуби нақши Авқофи Миср дар хидмат ба Қуръони Карим, баргузор мешавад ва ҷавоизи мусобиқа ба 10 миллион пунд афзоиш ёфтааст.
Риштаҳои 31-умин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Миср
Ин вазоратхона тасреҳ кард: 31-умин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони Карим, қироат, тафсир ва тарҷума мафоҳими он шомили бахшҳои зер аст:
Бахши аввали ҳифзи Қуръони Карим ба ривояти Ҳафс аз Осим ба ҳамроҳи тиловат ва тафсири он дар канори шаъни нузул барои ғайр аз аимма ҷамоатҳо масоҷид, мубалиғғон ва асотиди Қуръон, ки ҷавоизе ба арзиши якмилион пунди мисрӣ барои нафари аввал, 600 ҳазор пунд барои нафари дувум ва 400 ҳазор пунд барои нафари севум дар назар гирифта шудааст. Синни ширкаткунандагон набояд беш аз 35 сол бошад ва мутақозӣ набояд қаблан ҳеҷяк аз мақомҳои аввал бо ҷавоизи молиро дар ҳеҷ даврае аз мусобиқа касб карда бошад.
Бахши дувум шомили ҳифзи Қуръон бо ривояти Ҳафс аз Осим ва тиловати он барои ғайри арабзабонон ва ҷавоизи ба арзиши 600 ҳазор пунд барои нафари аввал, 500 ҳазор пунд барои нафари дувум ва 400 ҳазор пунд барои нафари севум, 200 ҳазор пунд барои нафари чаҳорум ва 200 ҳазор пунд барои нафари севум дар назар гирифта шудааст. Синни ширкаткунанда дар замони сабтином набояд беш аз 30 сол бошад ва мутақозӣ набояд қаблан ҳеҷяк аз мақомҳои аввал бо ҷавоизи молиро дар ҳеҷ даврае аз мусобиқа касб карда бошад.
Бахши севум вижаи навҷавонон ба ҳифзи Қуръони Карим бо ривояти Ҳафс аз Осим ё Варш аз Нофеъ ва ё ҳарду ба ҳамроҳи тафсири ҷузъи бисту нӯҳум ва сию якум дар партави китоби «Ал-Баён Алал Мунтахаб фи Тафсирил Куръон» аст.
Ҳамчунин дар ин бахш ҷавоизе ба арзиши 600 ҳазор пунд барои нафари аввал, 400 ҳазор пунд барои нафари дувум 300 ҳазор пунд барои нафари севум дар назар гирифта шудааст ва синни мутасобиқ набояд беш аз 12 сол бошад.
Бахши чаҳорум шомили ҳифзи Қуръони Карим бо ривояти Ҳафс аз Осим ё Варш аз нофеъ ё ҳарду ба ҳамроҳи таҷвид, лаҳн ва тафсир барои имомони ҷамоат, воизон ва аъзои ҳайати илмӣ аст ва ҷоизае ба арзиши 600 ҳазор пунд барои нафари аввал ва 400 ҳазор пунд барои нафари дувум дар назар гирифта шудааст ва синни мутақозӣ набояд беш аз 35 сол бошад.
Бахши панҷум вижаи маълулон ва ба ҳифзи Қуръони Карим бо ривояти Ҳафс аз Осим ё Варш аз Нофеъ ва ё ҳарду ба ҳамроҳи тафсири ҷузъи бисту нӯҳум ва сию якум дар партави китоби Ал-Баён аст. Ҷвоиз ба арзиши 600 ҳазор пунд барои нафари аввал, 400 ҳазор пунд барои нафари дувум ва 300 ҳазор пунд барои нафари севум дар назар гирифта шудааст ва синни мутақозӣ набояд бештар аз 25 сол бештар бошад.
Бахши шашум вижаи хонаводаи қуръонӣ аст ва ба ҳифзи Қуръон бо ривояти Ҳафс аз Осим ё Варш аз Нофеъ ва ё ҳар ду ихтисос дорад. Ҷавоиз ба арзиши 600 ҳазор пунд барои нафари аввал ва 400 ҳазор пунд барои нафари дувум дар назар гирифта шудааст. Ба ин шарт, ки теъдоди аъзои хонавода, ки дар ҳифз маҳорат доранд камтар аз се нафар набошад ва хонавода набояд қаблан ҳеҷ як аз чаҳор мақоми аввалро касб карда бошанд.
Бахши ҳафтум низ вижаи тарҷумаи маонии Қуръони Карим барои аъзои ҳайат илмӣ ва фориғуттаҳсилони донишкадаҳо аст.
Ҷавоиз ба арзиши 600 ҳазор пунд барои нафари аввал ва 400 ҳазор пунд барои нафари дувум дар назар гирифта шудааст. Синни аъзои ҳайати илмӣ ва дастёрони онҳо набояд аз 35 сол бештар бошад, син барои соири аъзои ҳайати илмӣ ва дастёрони онҳо фақат бо тасаллут ба тиловат набояд бештар аз 50 сол бошад.
Ин вазоратхона афзуд: афроде, ки моил ба сабтином дар марҳалаи муқаддамотии ҳар ришта аз мусобиқот ҳастанд, бояд ҳадди аксар то 31 январи 2024 барои ширкат дар ин мусобиқа ширкат намоянд.