Ба гузориши Алҷазира, Бадвон ангеза ин ибтикорро «вониҳодани Ғазза ва мардуми он аз сӯи мардуми ҷаҳон тавсиф кард ба шакле, ки онҳо дигар роҳе ҷуз тамассук ба китоби илоҳӣ ва истиғфор барои касби пирӯзӣ надоранд.»
Вай афзуд: барои тавзеъи Қуръон дар хаймаҳои оворагон пешқадам шудем, зеро сокинони ин хаймаҳо фоқиди Қуръон буданд ва инсон бояд ба Худованд паноҳ бибарад ва аз ин тавассуле аст, ки пирӯзӣ ҳосил мешавад.
Оворагони фаластинӣ аз ин ибтикор ба шакли густурдае истиқбол кардаанд. Ба гуфтаи ин оворагон онҳо пас аз тарки хонаи худ дар пайи бомбаборони режими саҳюнистӣ дигар дастрасӣ ба нусхае аз Қуръони Карим надоштаанд, ва истифода аз нусхаҳои электироникӣ низ ба далели қатъи интернет имконпазир набудааст.
Ба гуфтаи ҳасан яке аз ин оварагони онҳо ҳама чизро дар хонаҳои худ тарк карда ва ҷони худро наҷот доданд. Вай бо таъкид бар инки Қуръон «баҳори дилҳои ҳамаи мусулмонон» аст, аз ҳамагон хост, ки Қуръонро бихонанд ва ба он амал кунанд.