iqna

IQNA

ИКНА - Дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластини бори дигар аз Ҷумҳурии исломии Эрон ба сабаби нақши фаъолу таъсиргузори ин кишвар дар ҳимоят аз муқовимати мардуми Фаластин ва ҷабҳаи муқовимат ташаккур кард.
рақами хабар: 1316    Санаи нашр : 2024/04/04

Ба ҳиммати ройзани Эрон;
ИКНА - Дувумин ҳамоиши "Ваҳдат дар сояи Қудс" ба ҳиммати ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Туркия баргузор мешавад.
рақами хабар: 1313    Санаи нашр : 2024/04/04

ИКНА - Бар асоси назарсанҷии ҷадиде, ки маркази пажӯҳишҳои «Pew» дар Амрико анҷом дода, тайи ҳамлаи кунунии режими саҳюнистӣ ба Ғазза, теъдоди ҷавононе, ки дар Иёлоти Муттаҳида дидгоҳи мусбате нисбат ба Фаластин доранд аз теъдоди тарафдорони ин режим палид ва ҷинояткор пешӣ гирифтааст.
рақами хабар: 1278    Санаи нашр : 2024/03/27

ИКНА - Шӯрои иҷроии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) пас аз тасвиб ду қатънома дар ҳимоят аз Фаластин дар рӯзи чаҳоршанбе, тайи нишасти рӯзи ҷумъаи худ, ки дар Париж пойтахти Фаронса баргузор шуд, севумин қатъномаро низ ба нафъи Фаластин тасвиб кард.
рақами хабар: 1260    Санаи нашр : 2024/03/24

ИКНА - Донишгоҳҳои аврупоӣ сешанбе оянда дар баробари ҷанги вайронгари режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи фаластиниёни Навори Ғазза, тазоҳуроти эътирозӣ баргузор хоҳанд кард.
рақами хабар: 1195    Санаи нашр : 2024/03/11

ИКНА - Ба гуфтаи вазорати занони Фаластин, ишғолгарони саҳюнистӣ рӯзона 63 занро дар Ғазза ба шаҳодат мерасонанд, ки 37 тан аз онҳо модар ҳастанд. Теъдоди шуҳадои зан аз 7 октябр токунун ба 9 ҳазор нафар расидааст. Тибқи омори расмӣ, 75% аз 72 ҳазору 156 маҷрӯҳ, зан ва ҳамчунин 70% аз ҳафт ҳазор фаластинии мафқуд шуда зан ва кӯдак ҳастанд.
рақами хабар: 1183    Санаи нашр : 2024/03/09

ИКНА - Маркази исломии Ал-Азҳари Миср бо судури баёнияе, иқдоми низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарордодани оворагони фаластинӣ дар Ғазза, ки мунтазири кумакҳои ғизоӣ будандро ба шиддат маҳкум кард ва ин ҷиноятро лаккаи нанге бар пешонии башарият донист.
рақами хабар: 1153    Санаи нашр : 2024/03/02

ИКНА - Дабири кулли СММ, Шӯрои Амният, неруи Ансоруллоҳи Яман, раёсатҷумҳурӣ ва Вазорати хориҷаи Фаронса ба бомбаборони даҳҳо нафар аз фаластиниён дар шимоли Навори Ғазза дар навбати дарёфти ғизо вокуниш нишон доданд.
рақами хабар: 1152    Санаи нашр : 2024/03/02

ИКНА - Содиқхон, шаҳрдори Лондон дар вокуниш ба тавҳини як узви парлумони Англис ба ӯ гуфт, ки ба мусулмон будани худ ифтихор мекунад.
рақами хабар: 1151    Санаи нашр : 2024/03/01

ИКНА - Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шомгоҳи панҷшанбе ва ба дархости кишвари Алҷазоир як нишасти изтирорӣ барои баррасии паёмадҳои марбут ба шаҳодати беш аз 100 Фаластиние, ки барои дарёфти кумакҳои башардӯстона дар шимоли шаҳри Ғазза таҷаммӯъ карда буданд, баргузор кард.
рақами хабар: 1149    Санаи нашр : 2024/03/01

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: Масъалаи Ғазза Исломро ба дунё муаррифӣ кард ва маълум шуд, ки Ислом ва омили дин, боиси иқтидору муқовимату таслим нашудани мардум дар муқобили ин ҳама бомбаборон ва фоҷеаофаринии саҳюнистҳост. Ин масъала ҳақиқати фарҳангу тамаддуни ғарбиро ҳам ба ҷаҳониён нишон дод ва мушаххас шуд, ки сиёсатмадорони баромада аз ин фарҳанг ҳатто ҳозир ба эътироф ба иқдоми саҳюнистҳо дар наслкушии фаластиниҳо нестанд ва бо вуҷуди бархе ҳарфҳо, дар амал бо ветои қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал пеши таваққуфи ҷиноятҳоро мегиранд.
рақами хабар: 1147    Санаи нашр : 2024/02/29

ИКНА - Фаластиниҳо дар Навори Ғазза, ба шиддат бо хатари наслкушӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба анҷоми иқдомоти лозим барои ҷилавгирӣ аз наслкушии режими саҳюнистӣ, пойбанд бошад.
рақами хабар: 1077    Санаи нашр : 2024/02/13

ИКНА - Як мақоми аршади Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки тахриби зерсохтҳои ғайри низомӣ  дар Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ нақзи "Конвенсияи Женева" аст.
рақами хабар: 1059    Санаи нашр : 2024/02/09

ИКНА - Дар пайи ҳамлаи ваҳшёнаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба минтақаи Дайр-ул-Балаҳи Ғазза, ки мунҷар ба шаҳодати 29 нафар шуд, мардуми минтақа варақаҳои Қуръони пур аз хунро аз зери вайронаҳои масҷидро ҷамоварӣ карданд.
рақами хабар: 1051    Санаи нашр : 2024/02/07

ИКНА - Бар асоси эъломи мудири кампайни ҳамбстагӣ бо Фаластин, беш аз 100 шаҳр аз Англистон ва ҳудуди 60 кишвари дигар дар маросими рӯзи ҷаҳонии Ғазза ширкат хоҳанд кард.
рақами хабар: 1044    Санаи нашр : 2024/02/06

ИКНА - Мӯзаи осори таърихии исломие, ки дар соли 1922 таъсис шудааст, дар як сохтумони таърихӣ дар ҷануби ғарби Масҷидулақсо, мизбони осори фарҳангӣ ва таърихӣ аз давраҳои мухталифи таъриих Фаластин ва минтақа аст.
рақами хабар: 1028    Санаи нашр : 2024/02/03

ИКНА - Созмони пизишкони бидуни марз бо ибрози нигаронӣ аз бомбаборони сангини ҷануби Ғазза, дар бораи аз корафтодани хадамоти дармонии ҳаётӣ дар бемористони Носир дар ин борика ҳушдор дод.
рақами хабар: 1005    Санаи нашр : 2024/01/27

ИКНА - Ҷанг дар Ғазза дар ҳоле вориди саду даҳумин рӯзи худ мешавад, ки шумори шуҳадои фаластинӣ аз рақами 25 ҳазор нафар убур кард; Зимн инки сояи гуруснагӣ ва қаҳтӣ сангинтар аз дигар рӯзҳо дар сармои замистон мардуми Ғаззаро таҳдид мекунад.
рақами хабар: 987    Санаи нашр : 2024/01/23

ИКНА - Мануэл Беслер, ноибраиси Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх зимни ташреҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза, бар зарурати талошҳои ҷиддӣ барои кӯмакрасонӣ ва оташбас дар Ғазза таъкид кард.
рақами хабар: 977    Санаи нашр : 2024/01/21

ИКНА - Миллати Яман ва давлати Ансоруллоҳ ҳам инсофан кор бузурге анҷом доданд; Коре, ки онҳо дар пуштибонӣ аз мардуми Ғазза анҷом доданд, ҳаққан ва инсофан дар сазовори таҳсин ва тамҷид аст; Инҳо ба маҷори ҳаётии режими саҳюнистӣ зарба заданд. Амрико таҳдид кард, аз Амрико нтарсиданд! ин [ҷавре] аст дигар; Вақте, ки инсон аз Худо битарсад, аз ғайри Худо наметарсад. Корашон ҳаққан ва инсофан мисдоқи ҷиҳоди фисбилоллоҳ аст ва умедворем иншоаллоҳ ин муҷоҳидатҳо, ин муқовиматҳо, ин фаъолиятҳо идома пайдо кунад, то пирӯзӣ биизниллоҳи таоло. [Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон; 1402/10/26]
рақами хабар: 975    Санаи нашр : 2024/01/21