iqna

IQNA

ИКНА - Бо гузашти 104 рӯз аз оғози ҷанг ва идомаи бомбаборони Ғазза,  шумори шуҳадои фаластинӣ ба беш аз 24 ҳазор шаҳид расида, ки 10 ҳазору 400 нафар аз қурбониён, кӯдак ҳастанд.
рақами хабар: 968    Санаи нашр : 2024/01/19

ИКНА - Ҳафти октябри 2023, ҷавонони муқовимати фаластинӣ бо як барномаи иттилоотӣ ва амалиётии беназир, барои аввалин бор пас аз ҳудуди 60 сол вориди хоки ишғолии Фаластин шуданд ва ба режими ишғолгар ёдоварӣ карданд, ки ин хона ғасбӣ аст ва дер нест замоне, ки соҳибони аслиаш онро бозпасгиранд.
рақами хабар: 965    Санаи нашр : 2024/01/17

ИКНА - Ҷиноятҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ҳоло ба 100 рӯз расидааст. Ба теъдоди рӯзҳои пуртакрори ҷиноят, камтар касе гумон мекард ин ҳаҷм аз куштор 100 рӯз идома биёбад ва мардуми Навори Ғазза ҳам ҳамчунон устувор бар тасмим ва иродаи худ дар дифоъ аз ватанашон бимонанд.
рақами хабар: 956    Санаи нашр : 2024/01/16

ИКНА - Намоишгоҳе аз осори ҳунарии кӯдакони Ғазза, ки дар Истамбул баргузор шудааст, бо истиқболи густурдаи боздидкунандагони дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯ шудааст.
рақами хабар: 952    Санаи нашр : 2024/01/14

Раисҷумҳури Эрон дар ҳамоиши "Тӯфони Ал-Ақсо ва бедории виҷдони башарӣ":
ИКНА - Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Раисӣ бо баёни инки Фаластин муҳиммтарин масъалаи уммати исломӣ аст, гуфт: иттифоқоти ин рӯзҳои Ғазза, масъалаи Фаластинро аз масъалаи аввали ҷаҳони Ислом ба масъалаи аввали ҷаҳони башарият ва инсонҳо табдил кардааст.
рақами хабар: 951    Санаи нашр : 2024/01/14

ИКНА - Даҳҳоҳазор нафар аз мардуми ҳомии миллати Фаластин дар эътироз ба ҷиноёти Исроил дар Ғазза ва бо дархости оташбас, имрӯз дар 45 кишвари ҷаҳон тазоҳурот хоҳанд кард.
рақами хабар: 948    Санаи нашр : 2024/01/13

ИКНА - Бо оғози амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" тавассути гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ростои саргарм кардани бахши умдае аз низомиёни саҳюнистӣ дар шимоли Фаластин ва коҳиши фишор бар муқовимат дар Ғазза, иқдом ба анҷоми амалиётҳои рӯзона ва сангин алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ дар дохили хоки Фаластин кардааст.
рақами хабар: 940    Санаи нашр : 2024/01/11

ИКНА - Ҷамъе аз хохомҳои амрикоӣ бо таҷаммӯъ дар Шӯрои Амният хостори таваққуфи ҷанг дар Ғазза ва поён додан ба ҳимояти давлати Амрико аз таҷовузоти Исроил шуданд.
рақами хабар: 936    Санаи нашр : 2024/01/10

ИКНА - Фарзандони бисёре аз хонаводаҳои овораи фаластинӣ дар шаҳри Рафаҳ алорағми шароити вахими ҷангӣ ва камбуди имконоти аввалия барои гузарони зиндагӣ бо ҳузур дар хаймаҳои қуръонии барпо шуда дар ин минтақа ба омӯхтани Қуръон ва дарсҳое аз ахлоқ ва ақоиди исломӣ ҳиммат гумордаанд.
рақами хабар: 922    Санаи нашр : 2024/01/08

ИКНА - Видеои тиловати духтари раиси идораи беҳдошти Ғазза, ки дар бомбаборони саҳюнистҳо ба шаҳодат расид, вокунишҳои густурдаи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар пай доштааст.
рақами хабар: 894    Санаи нашр : 2024/01/02

ИКНА - Филме аз тиловати муҷоҳиди гурдонҳои Қассом, ки ҳофизи кулли Қуръон аст ва чанд рӯзи пеш дар ҳамлаи паҳбодии артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғазза маҷрӯҳ ва дар ҳолати саҷда ба шаҳодат расид дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истиқболи корбарон мувоҷеҳ шуда, ки оёте аз тавсифи лаҳзаи марг ва мулоқоти Аллоҳро тиловат кардааст.
рақами хабар: 888    Санаи нашр : 2024/01/01

ИКНА - Ҳамзамон бо оғози соли нави мелодӣ ва дар миёнаи ҷанги шадиди артиши саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, шаҳрҳои ишғолӣ ва ба вижа Телавив ҳадафи бомбаборони мушакии неруҳои муқовимати исломии Фаластин қарор гирифтанд.
рақами хабар: 887    Санаи нашр : 2024/01/01

Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) соли 2023-ро маргбортарин сол барои кӯдакон дар Каронаи Бохтарӣ тавсиф кард.
рақами хабар: 880    Санаи нашр : 2023/12/30

ИКНА -Маросими намодини ҷанозаи кӯдакони шаҳиди Ғазза дар шаҳри "Ню-Йорк"-и Амрико баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар ин иҷтимои эътирозӣ, оташбас дар Навори Ғазза ва поёни бомбаборони вайронгари режими саҳюнистӣ дар ин минтақаро хостор шуданд.
рақами хабар: 877    Санаи нашр : 2023/12/29

ИКНА - Масеҳиёни Сурия эълом карданд имсол ба хотири ибрози ҳамдардӣ бо мардуми мазлуми Ғазза, ҷашнҳои Крисмасро баргузор нахоҳанд кард. 
рақами хабар: 859    Санаи нашр : 2023/12/24

ИКНА - Мардуми мусулмони минтақаи Патанӣ дар Тайланд дар тазоҳуроте зимни маҳкумияти ҷиноёти режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, ҳимояти худро аз Фаластин эълом карда ва хостори поёндодан ба ҷанг шуданд.
рақами хабар: 849    Санаи нашр : 2023/12/22

ИКНА - Фаъолони байтулмуқаддас ва ҷумбишҳои ҷавонон хостори мушорикати густардаи мардум дар намози ҷумъаи ин ҳафта барои шикастани муҳосираи масҷиди мубораки Ал-Ақсо шуданд.
рақами хабар: 847    Санаи нашр : 2023/12/21

ИКНА - Шуморе аз намозгузорони фаластинӣ дар масҷиди Иброҳимӣ дар ҳамлаи шаҳракнишинони саҳюнистӣ дучори осеб шуданд.
рақами хабар: 842    Санаи нашр : 2023/12/20

ИКНА - Зин Самир Абудаққа, фарзанди филмбардори шаҳиди фаластинӣ, Самир Абудаққа, оёте аз сураи муборакаи Анкабутро тиловат ва онро ба падари шаҳидаш тақдим кард.
рақами хабар: 841    Санаи нашр : 2023/12/20

ИКНА - Беш аз 300 нафар аз коркунони пизишкӣ ва дармонӣ ва беш аз 92 нафар хабарнигор аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза ба шаҳодат расидаанд.
рақами хабар: 837    Санаи нашр : 2023/12/18