Фаластин (ИКНА) марҳалаи дуввуми табодули усаро миёни Ҳамос ва режими ҷинояткори саҳюнистӣ бо чанд соат таъхир бомдоди имрӯз якшанбе, анҷом шуд ва дар ин марҳала 39 асири фаластинӣ ба оғӯши хонаводаҳои худ бозгаштанд.
рақами хабар: 749 Санаи нашр : 2023/11/26
Ироқ (ИКНА) Остони муқаддаси Ҳусайнӣ омодагии худро барои муолиҷаи маҷрӯҳони фаластинӣ эълом кардааст.
рақами хабар: 741 Санаи нашр : 2023/11/25
Фалатин (ИКНА) Шайх Маҳмуд Шаҳот Анвар, бо интишори видеоӣ қуръонӣ, ҳимояти худро аз мардуми Ғазза эълом ва бо онҳо изҳори ҳамдардӣ кард.
рақами хабар: 740 Санаи нашр : 2023/11/25
Фаластин (ИКНА) дарҳоле, ки рӯзи чаҳоршанбе манобеи хабарӣ аз тавофуқи оташбаси 4 рӯза миёни режими Исроил ва муқовимати исломии Фаластин хабар дода ва эълом карда буданд, ки қарор аст ин тавофуқ аз рӯзи панҷшанбе (дирӯз) оғоз шавад, аммо режими ҷинояткори Исроил бомдоди панҷшанбе аз ба таъвиқ афтодани иҷрои тавофуқ бо Ҳамос ба муддати 24 соат хабар дод ва тайи он ҳамалоти худ ба манотиқи маскунӣ, мактабҳо ва бемористонҳоро шиддат бахшид ва шумори дигаре аз Фаластиниёнро ба хок ва хун кашид.
рақами хабар: 739 Санаи нашр : 2023/11/24
Раҳбари инқилоби исломӣ:
Теҳрон (ИКНА) раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори варзишкорон ва медаловарони бозиҳои Осиёӣ ва Пара-Осиёӣ "Ханчжоу" фармуданд: имрӯз ҳамаи дунё дигар фаҳмиданд, ки варзишкори эронӣ чаро розӣ намешавад бо тарафи саҳюнистӣ рӯ ба рӯ бишавад дар майдон, инро дигар имрӯз дунё фаҳмида чун ӯ ҷинояткор аст, чун барои як давлати ҷинояткор дорад варзиш мекунад ва дар майдон меояд, кумак ба ӯ кумак ба режими террорист ва ҷинояткор аст.
рақами хабар: 738 Санаи нашр : 2023/11/22
Фаластин (ИКНА) пас аз 47 рӯз даргирӣ миёни муқовимати Фаластин ва артиши режими саҳюнистӣ, кобинаи Тел-Авив бомдоди имрӯз бо тавофуқи оташбас дар Ғазза мувофиқат кард; Мақомоти давлати Амрико аз миёнҷигариҳои Қатар ва Миср дар ин парванда ташаккур карданд.
рақами хабар: 734 Санаи нашр : 2023/11/22
Чашмони ашколуд ва ғуборгирифта аз овори нимабоз ба даҳони бародар медузад, бо нафасҳое, ки ба сахт мекашад садоро соф карда ва дар гӯши бародар шаҳодатайнро илқо мекунад; Фариштаи беҷон ҳоло ором гирифта ва ба ҷамъи шуҳадо пайваста... Бачаҳои Ғазза ҳар рӯз ба дунё меоянд ва ҳар рӯз шаҳид мешаванд.
рақами хабар: 727 Санаи нашр : 2023/11/21
Дар чиҳилу чаҳорумин рӯзи ҷанги Ғазза
Фаластин (ИКНА) бар асоси эъломи дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза теъдоди Фаластиниёне, ки дар ҷараёни таҷовузи режими саҳюнистӣ ба ин минтақа ба шаҳодат расидаанд ба беш аз 12 ҳазор ва 300 нафар афзоиш ёфтааст. Дар ин миён Ҳамос хабар дод, ки нахуствазири режими палиди саҳюнистӣ дар мавзӯъи мубодилаи асирон сангандозӣ мекунад.
рақами хабар: 725 Санаи нашр : 2023/11/19
Амрико (ИКНА) ҷамъе аз фаъолони яҳудии амрикоӣ дар фазои маҷозӣ бо маҳкум кардани ҷиноёти Исроил алайҳи Фаластиниён, равишҳои расонаҳои амрикоӣ ва саҳюнистӣ барои фиреби афкори умумӣ дар бораи вақойеъи ҷанги Ғаззаро ташреҳ карданд.
рақами хабар: 720 Санаи нашр : 2023/11/18
Фаластин (ИКНА) тиловати зебои Қуръони кӯдаки фаластинӣ аз оёти 41 ва 42 сураи муборакаи Ҳуд дарҳоле ки бар вайронаҳои манзили худ дар Навори Ғазза нишаста, ба шакли густурда аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи қарор гирифтааст.
рақами хабар: 714 Санаи нашр : 2023/11/18
Фаластин (ИКНА) нахуствазири режими ҷинояткори саҳюнистӣ гуфт, ки дар сурати таҳвил гирифтани гаравгонҳо аз Ҳамос як оташбаси муваққат дар Ғазза иҷро хоҳад шуд.
рақами хабар: 712 Санаи нашр : 2023/11/18
Фаластин (ИКНА) раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос бо баёни инки саҳюнистҳо роҳе ҷуз пардохти ҳазинаи озодии асирони худро надоранд, таъкид кард, ки Фаластиниён дар ин ҷанг пирӯз хоҳанд шуд.
рақами хабар: 710 Санаи нашр : 2023/11/17
Яман (ИКНА) Раҳбари ҷабҳаи Ансоруллоҳи Яман бо интиқод аз баёнияи поёнии нишасти арабӣ-исломӣ дар Риёз, савол кард, ки оё баёнияи Риёз нишонаи қудрату тавони 57 кишвар буд?
рақами хабар: 709 Санаи нашр : 2023/11/17
Фаластин (ИКНА) Юсуф Аёд Ад-Даҷнӣ, ҳофизи Қуръон, қорӣ ва имоми ҷамоати ҷавони фаластинӣ яке аз шуҳадои ҳамалоти режими ҷинояткори саҳюнистӣ аст, ки шаҳодати ӯ вокунишҳои густурдаеро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барангехтааст.
рақами хабар: 708 Санаи нашр : 2023/11/16
Фаластин (ИКНА) ке аз табибони бемористони Шифо дар Ғазза эълом кард, ки аз ҷиҳоти мухталиф ба самти бемористони Шифо тирандозӣ мешавад.
рақами хабар: 706 Санаи нашр : 2023/11/16
Суханронии сарнавиштсози дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бораи таҳаввулоти ахири Фаластин ва Ғазза бо меҳварияти Тӯфони Ал-Ақсо таваҷҷуҳи ҳамаи ҷаҳониён ба хусус сарони режими ғосиб ва ҳамчунин ҳомиёни рӯсиёҳи ғарбии онро ба худ ҷалб кард. Бар асоси гузориши расонаҳо ҳудуди 4 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон ин суханрониро гӯш карданд. Суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳро метавон «Маншури ҳаққонияти дифои Ғазза дар муқобили ҷиноятҳои режими ғосиб» номид.
рақами хабар: 705 Санаи нашр : 2023/11/14
Тибқи омори ожонси имдод ва кори оворагони Фаластин вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид, бар асари ҳамалоти мудовими режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза, ба таври мутавассит ҳар 10 дақиқа як кӯдаки фаластинӣ дар ин минтақа шаҳид мешавад. Ба ин баҳона бахше аз дуои Фараҷро бо садои Алии Фонӣ, бо тасовири графикӣ аз шуҳадои кӯдаки фаластинӣ мушоҳида микунед.
рақами хабар: 688 Санаи нашр : 2023/11/11
Тоҷикистон (ИКНА) бахше аз суханронии оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ раисҷумҳури ҶИЭ дар дидор бо Э. Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе.
рақами хабар: 686 Санаи нашр : 2023/11/10
Фаластин (ИКНА) нигоҳ кардани филмҳои ҷиноёти Исроил сахт аст. Ғайримумкин аст, ки онҳоро бубинему вазъияти равонии мо таҳти таъсир қарор нагирад,
рақами хабар: 685 Санаи нашр : 2023/11/10
Тазоҳуроти эътирозомез ба тадовуми куштори ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон идома дорад ва мардуми ин кишварҳо бо дар даст доштани парчамҳои Фаластин ва арӯсакҳое ба ёди кӯдакони Ғазза, наслкушии режими саҳюнистиро маҳкум карданд.
рақами хабар: 673 Санаи нашр : 2023/11/07