iqna

IQNA

Раҳбари муаззами инқилоб дар мулоқот бо донишмандон ва масъулони саноати дифоӣ:
ИКНА - Раҳбари муаззами инқилоб субҳи дирӯз дар дидори ҷамъе аз масъулони Вазорати дифоъ ва нухбагони саноати дифоӣ, рӯзи 22 баҳмани имсолро яке аз барҷастатарин ҷашнҳои инқилоб хонда, фармуданд:
рақами хабар: 2884    Санаи нашр : 2025/02/13

ИКНА - Ҳузури густардаи мардуми Эрон дар роҳпаймои 22-и баҳман ва ҷашни пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ бозтобҳои густардае дар расонаҳои минтақа ва ҷаҳон дошт.
рақами хабар: 2881    Санаи нашр : 2025/02/12

Масъуди Пизишкиён:
ИКНА - Раисҷумҳур дар маросими ифтитоҳи ҳаждаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Теҳрон гуфт: таҳкими вифоқ, ҳамдилӣ ва сулҳи ҷаҳонӣ миёни миллатҳо аз тариқи дӯстӣ имконпазир аст.
рақами хабар: 2875    Санаи нашр : 2025/02/11

Маросими роҳпаймоии ҷашни пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ бо ҳузури густурдаи мардум аз ақшори мухталиф дар Теҳрон ва 1400 бахш ва шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин беш аз 35 000 рустои ин кишвар баргузор гардид.
рақами хабар: 2871    Санаи нашр : 2025/02/11

ИКНА - Раиси парлумони Туркия, Нуъмон Кӯртулмуш, дар вокуниш ба тарҳи Доналд Трамп барои ихроҷи фаластиниёни Ғазза таъкид кард, ки замини мусалмонҳо ва масеҳиёни Фаластин на барои фурӯш ба президент ва ширкатҳои ӯст, балки ватани мардуми Фаластин аст.
рақами хабар: 2870    Санаи нашр : 2025/02/10

Зани пажӯҳишгари лубнонӣ дар вебинари ИКНА:
ИКНА - Фадво Абдуссатор таъкид кард: Инқилоби исломии Эрон фурсати таърихиро барои зани эронӣ фароҳам овард, то пешрафт карда, ҷойгоҳи худро дар муҳити амн иртиқо бахшад ва намунаи беҳтарини як зани мусулмон дар Эрон пас аз Инқилоб шакл гирад.
рақами хабар: 2869    Санаи нашр : 2025/02/10

ИКНА - Роҳпаймоии имрӯз дар саросари Эрон , ки ба муносибати 46-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон баргузор шуд, ҷанбаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ дар худ дорад.
рақами хабар: 2868    Санаи нашр : 2025/02/10

ИКНА - гузориши ТоҷикПресс, субҳи имрӯз, душанбе, мардуми Эрон роҳпаймоии таҷлил аз 46-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон ро оғоз карданд.
рақами хабар: 2867    Санаи нашр : 2025/02/10

ИКНА - Роҳпаймоии таҷлил аз 46-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар хиёбонҳои саросари Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.
рақами хабар: 2866    Санаи нашр : 2025/02/10

ИКНА - Баъд аз Инқилоби Исломии Эрон , талошҳо барои бозгардонидани арзишҳои исломӣ дар зиндагии хонаводагӣ таъсироти мусбате ба ҷомеа доштааст. Бо пайравӣ аз ҳидояти Қуръон ва ҳадис, хонаводаҳои эронӣ кӯшиш мекунанд, ки ҳамбастагӣ ва созгориро дар хона ҳифз намоянд, ки дар натиҷа ба рушди ҷомеаи беҳтар мусоидат мекунад.
рақами хабар: 2860    Санаи нашр : 2025/02/09

ИКНА - Ҳамзамон бо чилу шашумин солгарди Инқилоби Исломии Эрон , 150 донишҷӯи Маркази Исломии Билол Муслим Мишен бо ташриф ба намояндагии фарҳангии кишвари мо дар Дар-эс-Салом бо фарҳанг, тамаддун ва дастовардҳои Эрон шиносо шуданд.
рақами хабар: 2859    Санаи нашр : 2025/02/08

ИКНА - Вебинари байналмилалии «Инқилоби Исломӣ ва эҳёи ҳувияти хонавода» бо ҳузури бонувони андешаманд ва фаъоли бахши хонаводаи мусулмон дар ИКНА баргузор мегардад.
рақами хабар: 2857    Санаи нашр : 2025/02/08

ИКНА - Суханронии муҳимми Раҳбари олии Эрон дар бораи музокира бо Амрико дар расонаҳои байналмилалӣ бозтоби густурдае дошт.
рақами хабар: 2854    Санаи нашр : 2025/02/08

ИКНА - Субҳи имрӯз, Раҳбари муаззами инқилоби Эрон дар дидори раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос ва аъзои он бо ёдоварии шаҳидони Ғазза ва фармондеҳони шаҳид, махсусан шаҳид Исмоил Ҳания, хитоб ба раҳбарони Ҳамос изҳор доштанд: “Шумо на танҳо бар режими саҳюнистӣ, балки дар воқеъ бар Амрико ғалаба кардед ва бо лутфи Парвардигор нагузоштед, ки онҳо ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ даст ёбанд.”
рақами хабар: 2853    Санаи нашр : 2025/02/08

Тилавати қории навҷавони эронӣ дар маросими Рӯзи миллии 46-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар меҳмонхонаи "Боробудур"-и Индонезия, вокунишҳои мусбати зиёде аз ҷониби шахсиятҳои ин кишвар ва сафирони кишварҳои хориҷӣ пайдо кард.
рақами хабар: 2852    Санаи нашр : 2025/02/08

Ба гузориши ИКНА, саҳифаҳои расонаи KHAMENEI.IR дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ дар бораи моликияти комили мардуми Фаластин бо забонҳои мухталиф нашр шудааст.
рақами хабар: 2850    Санаи нашр : 2025/02/08

ИКНА - Маросими хатми ҳабдаҳумин рӯйдоди стартапии исломӣ – қуръонии "Тулуи баракат" бо рақобати 22 гурӯҳи идеяпардози қуръонӣ, ки бештари онҳо идеяҳои худро бо такя ба зеҳни сунъӣ пешниҳод карданд, баргузор шуд.
рақами хабар: 2847    Санаи нашр : 2025/02/08

ИКНА - Ҷаласаи Шӯрои сиёсатигузории ۳۲-умин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди Исломии Эрон баргузор шуд ва вақтҳои баргузории намоишгоҳ эълон гардид.
рақами хабар: 2841    Санаи нашр : 2025/02/05

ИКНА - Толоби Маҳорлу, яке аз ҷозибаҳои табиӣ ва зебои вилояти Форс, бо хусусиятҳои хос ва беназири худро аз дигар кӯлҳо фарқ мекунад. Ин кӯл, ки воқеан як толоби фаслӣ аст, бо зоҳир ва ранги хоссаи худ ва бо номи "кӯли гулобӣ" ҳам маъруф аст. Сабаби ранги гулобӣ ва сурх шудани толоб ин аст, ки дар оби он як намуди ҷалбаки хоссе ҳаст, ки ин рангҳоро ба вуҷуд меорад.
рақами хабар: 2840    Санаи нашр : 2025/02/05

ИКНА - Беш аз 30 музей ва муассисаҳои байналмилалӣ дар Дувумин Ду-солонаи ҳунарҳои исломии 2025 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштаанд.
рақами хабар: 2836    Санаи нашр : 2025/02/04