iqna

IQNA

ИКНА - Ҳаракати Ҳамос аз мухолифати кишварҳои ҷаҳон нисбат ба кӯчи иҷбории аҳолии Ғазза қадрдонӣ кард.
рақами хабар: 2882    Санаи нашр : 2025/02/12

ИКНА - Бар асоси гузоришот, ҳамалот шадиди саҳюнистҳо ба Навори Ғазза на танҳо сабаби харобии манозил ва зербиноҳо шудаанд, балки зиндагии миллионҳо фаластиниро ба фоҷиа табдил додаанд. Бо хароҷоти тахминии 80 миллиард доллар, барқарорсозии ин минтақа даҳсолаҳо вақт ва ҳамбастагии ҷаҳониро талаб мекунад.
рақами хабар: 2732    Санаи нашр : 2025/01/17

ИКНА - Ҷанги Ғазза барои режими саҳюнистӣ ба мушкиле фаротар аз як даргирии низомӣ табдил ёфтааст. Эътирофи ошкори “Ави Ашкеназӣ”, таҳлилгари низомии исроилӣ, дар мавриди ғарқ шудани ин режим дар ботлоқи Ғазза, на танҳо ҳақиқати талхро ошкор мекунад, балки ҳамчун занги хатар барои ояндаи ин режим арзёбӣ мешавад.
рақами хабар: 2715    Санаи нашр : 2025/01/12

икна - Ҳаракати Ҳамос, бо маҳкум кардани тахрибкории субҳи имрӯзаи режими саҳюнистӣ дар Яман, онро дар идомаи шиддат додани тахрибкорӣ алайҳи мардуми Фаластин, Сурия ва минтақаи араб донист.
рақами хабар: 2599    Санаи нашр : 2024/12/19

ИКНА - Манобеи фаластинӣ аз шаҳодати "Ашраф Ал-Ҷадӣ", раиси донишкадаи парситории донишгоҳи исломии Ғазза ва аз ҳофизони кулли Қуръони ин минтақа хабар доданд. 
рақами хабар: 2312    Санаи нашр : 2024/10/25

Хоҳари шаҳид Сайид Аббос Мусавӣ дар гуфтугӯ бо ИКНА:
ИКНА - Хоҳари шаҳид Сайид Аббос Мусавӣ бо баёни ин ки дифои Ҳизбуллоҳ аз мардуми Ғазза, дифоъ аз ҳурмат ва каромати инсон аст таъкид кард: Ин як воҷиби динӣ ва ахлоқӣ буда, ки мӯҷиби шудааст ҷавонони Ҳизбуллоҳ дӯш ба дӯши мардуми Ғазза ва дар як сафи воҳид дар баробари душмани саҳюнистӣ истодагӣ кунанд. 
рақами хабар: 2210    Санаи нашр : 2024/10/04

ИКНА - Иқтисоди режими саҳюнистӣ чӣ дар ҳавзаи ҳазинаҳои ҷанг алайиҳи Ғазза ва чӣ дар бахши таътилии корхонаҷот ва таҳрими колоҳои ин режим ва баста шудани масирҳо ва каридурҳои иқтисодӣ ба сӯи ин режим, зарарҳои зиёде ба режими саҳюнистӣ ворид кардааст.
рақами хабар: 2130    Санаи нашр : 2024/09/18

ИКНА - Амнияти режими Исроил аз дохили он оғоз мешавад ва то замоне, ки ин режими ҷинояткор ва кӯдаккуш натавонад хонаи парокандаи худро муттаҳид кунад ва ваҳдати қалбакии худро бозёбӣ кунад, имкони бозгардондани амният ва оромиш дар Исроил ва шаҳракҳои он вуҷуд нахоҳад дошт.
рақами хабар: 2129    Санаи нашр : 2024/09/18

ИКНА - Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби Исломии Эрон дар хабарномае аз Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизони ӯ, дар натиҷаи зарба қарор гирифтани маҳалли истиқомати онон дар Теҳрон хабар дод.
рақами хабар: 1902    Санаи нашр : 2024/07/31

ИКНА - Дафтари итилоъ расонии давлати Фаластин дар Ғазза бомдоди панҷшанбе эълом кард, ки 129 фаластинӣ дар 48 соати гузашта дар ҳамалоти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба шарқи Хон Юнус воқеъ дар ҷануби Ғазза шаҳид шуданд.
рақами хабар: 1876    Санаи нашр : 2024/07/26

ИКНА - Гурдонҳои Ал-Қассом, шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), аз ҳамлаи паҳподии Ансоруллоҳи Яман ба умқи сарзаминҳои ишғолӣ истиқбол кард.
рақами хабар: 1848    Санаи нашр : 2024/07/20

ИКНА - Ҷанги ваҳшиёнаи Исроил дар Ғазза ба кӯдакон хисороти сангин расонд ва ҳазорон нафар кушта ё захмӣ шуданд ва бисёре аз онҳо бо осебҳои умрбод рӯбарӯ шуданд.
рақами хабар: 1839    Санаи нашр : 2024/07/19

ИКНА - Як расонаи ибрӣ бо ишора ба паёмадҳои иқтисодии сангини ҷанги Ғазза барои режими саҳюнистӣ эълом кард, ки аз ибтидои ҷанг токунун 46 ҳазор ширкати исроилӣ таътил шудаанд ва пешбинӣ мешавад то поёни имсол ин теъдод ба 60 ҳазор ширкат бирасад.
рақами хабар: 1821    Санаи нашр : 2024/07/15

ИКНА - Мо тарафдори мазлум ҳастем. Ҳар кас дар ҳар куҷо, ки мазлум бошад мо тарафдори ӯ ҳастем ва Фаластиниҳо мазлум ҳастанд. Исроил ба онҳо зулм кардааст, ба ин ҷиҳат мо тарафдори онҳо ҳастем... мо исроилро ихроҷ хоҳем кард. [Имом Хумайнӣ (рҳ)]
рақами хабар: 1597    Санаи нашр : 2024/06/01

Устоди ҳуқуқи фаронсавӣ:
ИКНА - Устоди ҳуқуқи фаронсавӣ дар суханоне таъкид кард, ки сафараш ба Фаластини ишғолӣ боис шуд ба дини Ислом ворид шавад.
рақами хабар: 1433    Санаи нашр : 2024/05/01

ИКНА - Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар баёнияе, ҷинояти ҷадиди душмани ишғолгар ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ҳадаф қарордодани шаҳрвандоне, ки дар майдони «Ал-Кувайтаи» Ғазза барои дарёфти кумакҳои башардӯстона ҷамъ шуда будандро маҳкум кард.
рақами хабар: 1216    Санаи нашр : 2024/03/15

ИКНА - Таҳрими маҳсулоти ширкатҳои ҳомии режими палиди саҳюнистӣ дар Индонезия ва Малайзия ҳамчунон идома дорад.
рақами хабар: 1181    Санаи нашр : 2024/03/08

ИКНА - Содиқхон, шаҳрдори Лондон дар вокуниш ба тавҳини як узви парлумони Англис ба ӯ гуфт, ки ба мусулмон будани худ ифтихор мекунад.
рақами хабар: 1151    Санаи нашр : 2024/03/01

ИКНА - Бар асоси эъломи мудири кампайни ҳамбстагӣ бо Фаластин, беш аз 100 шаҳр аз Англистон ва ҳудуди 60 кишвари дигар дар маросими рӯзи ҷаҳонии Ғазза ширкат хоҳанд кард.
рақами хабар: 1044    Санаи нашр : 2024/02/06

ИКНА - Талафоти артиши режими саҳюнистӣ дар 4 моҳи ахир беш аз талафоти он дар 40 соли гузашта аст. Рӯзномаи англисии «Телеграф» бо такя ба оморҳои расмии артиши режими саҳюнистӣ дар бораи шумори низомиёни маҷруҳ ва ҳалокшудааш аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун навиштааст: Исроил дар ин 4 моҳ, ба андозаи беш аз 4 даҳа талафот додааст.
рақами хабар: 1023    Санаи нашр : 2024/02/03