ИКНА - Муҳаммади Баҳромӣ, қории равшандили устони Луристон, субҳи рӯзи шанбе дар дидори масъӯлони Қувваи қазоия бо раҳбари олии Инқилоби Эрон, ба таловати оёти 74 то 78 сураи муборакаи Ҳаҷ пардохт.
рақами хабар: 1710 Санаи нашр : 2024/06/23
ИКНА - Раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон, субҳи имрӯз дар дидори масъӯлони Қувваи қазоия, «ҳаллу фасли масъалаҳо ва ихтилофоти мардум бар асоси адолат» ва «ҷилавгирӣ аз убӯр аз хати қирмизи қонун»-ро аз масъӯлиятҳои аслии дастгоҳи қазо баршумурданд ва афзуданд: Муҳимтарин вазифаи дастгоҳи қазоӣ иҷрои шуҷоъона ва бидӯни мулоҳизаи адолат аст.
рақами хабар: 1704 Санаи нашр : 2024/06/22
Муҳаммад Баёт баррасӣ кард:
ИКНА - Коршиноси масоили Ховари Миёна дар гузорише зимни мурури пешбиниҳои муҳаққақ шудаи Оятуллоҳи Хоманаӣ дар хусуси эҳтимоли вуқӯъи амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ва ҷанги Ғазза, таъкид кард: раҳбари Инқилоб нисбат ба такяи бархе кишварҳои исломӣ ба Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳушдор доданд. Дар андешаи сиёсии ишон, оянда барои Фаластин аст ва саҳюнистҳо алорағми бархурдорӣ аз мазоҳири зоҳирии қудрати модди дар вазъияти заъф ва инҳитот қарор доранд.
рақами хабар: 1695 Санаи нашр : 2024/06/19
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби Эрон таъкид кард
ИКНА - Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби Эрон дар паёме ба ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳилҳаром таъкид карданд: Лозим аст тамоми ҳоҷиёни ҷаҳон аз режими саҳюнистӣ ва Амрико бароат ҷӯянд.
рақами хабар: 1673 Санаи нашр : 2024/06/15
ИКНА - Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии инқилоби исломии Эрон хотирнишон карданд: эътирозоти донишҷуён дар ҳимоят аз Фаластин дар Амрико, донишгоҳҳоро ба бахше аз ҷабҳаи муқовимат табдил кардааст.
Вай дар номае дар 25 май 2024 хитоб ба донишҷуёни донишгоҳҳои амрикоӣ гуфт: «донишҷуёни азиз дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, акнун шохае аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил додаед.
рақами хабар: 1620 Санаи нашр : 2024/06/05
Таҳлилгар ва нависандаи сиёсии сурӣ:
ИКНА - Нависандаи таҳлилгари сурӣ дар матлабе пиромуни номаи раҳбари олии Инқилоби Эрон ба донишҷӯёни амрикоӣ, ин паёмро бисёр таъсиргузор тавсиф кард.
рақами хабар: 1601 Санаи нашр : 2024/06/02
Вазири фарҳанги Лубнон таъкид кард:
ИКНА - Вазири фарҳанги Лубнон таъкид кард: шаҳидон Раисӣ ва Амир Абдуллоҳиён бо мавзеъгирии қотеъона ва музокирот ва пойдории худ дар канори мардуми Ғазза ва Фаластин истоданд.
рақами хабар: 1594 Санаи нашр : 2024/06/01
ИКНА - Номаи муҳими оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон ба донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Амрико бозтобҳои васеъе доштааст.
рақами хабар: 1588 Санаи нашр : 2024/06/01
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ ба ҷавонону донишҷӯни ҳимоятгари Фаластин дар Амрико нома навишта ва хитоб ба онҳо тавсияҳоеро баён намудааст.
рақами хабар: 1585 Санаи нашр : 2024/05/30
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғоз ба кори Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар давраи дувоздаҳум, шаклгирии як маҷлиси тарозро дар гарави таомули мунзабит ва ҳамдилона бо қувои дигар ва рафтори ҷамъии дурусту сабурона дар дохили қувваи қонунгузор дониста ва таъкид кард: Маҷлис бояд ҳамеша оромишбахш ва умедофарин ва барангезонандаи ҳимматҳо ва даъваткунанда ба ҳамдилӣ ва бародарӣ дар муҳити умумии кишвар бошад.
рақами хабар: 1571 Санаи нашр : 2024/05/28
ИКНА - Финал ва маросими ихтитомияи нахустин давраи ҷашнвораи тиловатҳои тақлидӣ, ки ба сурати ёдмони шаҳид Оятуллоҳ Иброҳими Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи ишон баргузор шуд, асри рӯзи якшанбе, 31 урдибиҳиштмоҳ дар варзишгоҳи шаҳид Ширудии Теҳрон ва бо ҳузури густурдаи алоқамандон ба фаъолиятҳои қуръонӣ ба кори худ поён дод.
рақами хабар: 1537 Санаи нашр : 2024/05/21
Раҳбари Олии Инқилоби Эрон дар вокуниш ба сониҳаи болгарди ҳомили раисҷумҳур:
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Олии Инқилоби Исломии Эрон таъкид карданд: Ҳама барои саломатии ин ҷамъи хидматгузор дуо кунанд. Миллати Эрон нигарон ва дилвопас набошанд, ҳеҷ ихтилоле дар кори кишвар ба вуҷуд намеояд.
рақами хабар: 1522 Санаи нашр : 2024/05/19
Дар нишасти тахассусии «Воковии номаи раҳбари Инқилоби Эрон ба ҷавонони Аврупо ва Амрико» матраҳ шуд;
ИКНА - Дар 35-ҷумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, номаи мақоми муаззами раҳбарӣ дар кишварҳои мухталиф мавриди воковӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст ишора шуд, ки номаи раҳбари Олии Эрон ба ҷавонони Ғарб онҳоро бедор кард.
рақами хабар: 1501 Санаи нашр : 2024/05/14
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз душанбе бо ҳузур дар мусаллои Имом Хумайнии шаҳри Теҳрон аз 35-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон боздид карданд.
рақами хабар: 1494 Санаи нашр : 2024/05/13
ИКНА - Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон пас аз ҳузур дар марҳалаи дувуми интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ гуфтанд: Аҳамияти марҳалаи дувуми интихобот камтар аз марҳалаи аввал нест ва мардум бо ҳузури худ маҷлисро такмил кунанд.
рақами хабар: 1481 Санаи нашр : 2024/05/11
Раҳбари Инқилоби Эрон дар дидори ҷамъе аз муаллимон:
ИКНА - Раҳбари муаззами Инқилоби Эрон дар дидори ҷамъе аз муаллимони саросари ин кишвар бо баёни ин ки ташаккур аз муаллим барои тавваҷуҳ додани афкори умумӣ ба аҳамияти муаллим аст, фармуданд: Улгӯҳои ҷомеъаи муъаллимон бояд ба унвони қаҳрамон муаррифӣ шаванд.
рақами хабар: 1437 Санаи нашр : 2024/05/02
Раҳбари Инқилоби исломии Эрон дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон таъкид карданд:
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон, бо баёни нақши калидии ҷомеа коргарӣ дар ҷаҳиши тавлид ва беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар, ба табйини вазоифи масъулони ҶИЭ барои ҳалли мушкилоти қишри қонеъ ва наҷиби коргар пардохта гуфт: Ҳоли хуби ҷомеаи коргарӣ, ҳоли миллатро ҳам хуб хоҳад кард.
рақами хабар: 1410 Санаи нашр : 2024/04/24
Дар дидор бо фармондаҳони Олии Неруҳои мусаллаҳ матраҳ шуд;
ИКНА - Имом Хоманаӣ гуфт: навоварӣ дар таслеҳоту шеваҳо ва ҳамчунин шинохти равишҳои душман ҳамвора дар дастури кор бошад
рақами хабар: 1395 Санаи нашр : 2024/04/21
ИКНА - Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ қаҳрамони тимҳои куштии фарангӣ ва озоди Эронро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Бишкеки Қирғизистон табрик гуфтанд.
рақами хабар: 1379 Санаи нашр : 2024/04/17
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори масъулони низоми исломӣ ва сафирони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди саъиди Фитр рӯзи даҳуми апрели 2024 бо баёни табрики ид ва баракатҳои моҳи Рамазон ва зарурати ҳифзи дастовардҳои он дар тули сол ба масъалаи Ғазза ва ҷиноятҳои саҳюнистҳои хабис ва ҳимоятҳои кишварҳои ғарбӣ аз ҷиноятҳои ишғолгарон таъкид кард, ки кишварҳои исломӣ вазифа доранд, ки робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими хуношоми наслкуш қатъ кунанд ва ин хостаи мо ва ҳамаи миллати исломӣ аст.
рақами хабар: 1350 Санаи нашр : 2024/04/12