iqna

IQNA

ИКНА - Кумитаи Иҷтиҳод ва Фатво дар Иттиҳодияи Ҷаҳонии Уламо эълом кард: ҷиҳод алайҳи режими саҳюнистӣ ва афроди ҳамдасту низомиёне, ки дар сарзаминҳои ишғолшуда дар қатли омми мардуми Ғазза шарик ҳастанд, воҷиби айнист (фарзи айн аст).
рақами хабар: 3175    Санаи нашр : 2025/04/05

ИКНА - Ҳассан Фарҳот, маъруф ба Абу Ёсир, аз раҳбарони ҳаракати Ҳамос, субҳи имрӯз (ҷумъа) дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Сайдо дар ҷануби Лубнон, ба шаҳодат расид.
рақами хабар: 3170    Санаи нашр : 2025/04/04

ИКНА - Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар суханони худ таъкид кард, ки ҳимоят аз ормони Фаластин ҷузъи манофеи миллии Лубнон аст.
рақами хабар: 3157    Санаи нашр : 2025/03/30

ИКНА - Намози ҷумъаи охири моҳи мубораки Рамазон дар масҷидҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Масҷидул-Ҳаром ва Масҷиди ҷомеъи Ал-Азҳар, бо дуо барои Ғазза ва масҷиди Ақсо ҳамроҳ буд.
рақами хабар: 3147    Санаи нашр : 2025/03/30

ИКНА – Роҳпаймоии васеъ дар шаҳри Сринагар ва дигар нуқтаҳои Кашмир дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс баргузор гардид, ки дар он ҳазорҳо нафар бо мардуми мазлуми Фаластин изҳори ҳамбастагӣ карданд.
рақами хабар: 3142    Санаи нашр : 2025/03/29

ИКНА - Баргузории бошкӯҳ ва таъсиргузори роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар саросари Эрон таваҷҷуҳи расонаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла расонаҳои арабиро ба худ ҷалб кардааст.
рақами хабар: 3139    Санаи нашр : 2025/03/28

ИКНА - Дар тӯли таърих, сарзамини Фаластин на танҳо макони муқаддас ва миъодгоҳи паёмбарон ва нахустин қиблаи мусулмонон буд, балки саҳнаи муборизаи адолат бар зидди зулм низ маҳсуб мешуд. Имрӯз, Фаластин танҳо як масъалаи сиёсӣ нест, балки амонате муқаддас дар дасти тамоми мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон аст.
рақами хабар: 3133    Санаи нашр : 2025/03/28

ИКНА - Дар ҷаҳони муосир, расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нақши муҳимме дар огоҳсозии ҷомеа ва ифшои ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ бозӣ мекунанд. Бо таҳриф ва сензураи хабарҳо дар расонаҳои ғарбӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ба як минбари муҳим барои интишори ҳақиқат табдил ёфтаанд. Рӯзи Қудс як намунаи барҷастаи он аст, ки чӣ гуна расонаҳои озод ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд садои мазлумиятро ба ҷаҳониён расонанд ва ҷаҳони Исломро дар дифоъ аз Фаластин муттаҳид созанд.
рақами хабар: 3132    Санаи нашр : 2025/03/28

ИКНА - Қудс барои мусулмонон танҳо як макони муқаддас нест, балки рамзи муқовимат, ваҳдат ва мубориза бар зидди зулм ва истибдод аст. Аз нигоҳи Имом Хумайнӣ (рҳ), масъалаи Қудс танҳо як масъалаи сиёсӣ нест, балки як масъулияти исломӣ ва инсонӣ аст, ки тамоми мусулмонон бояд дар дифоъ аз он муттаҳид шаванд. Имом Хумайнӣ (рҳ) бо огоҳии амиқи сиёсӣ ва дидгоҳи динӣ, бо рӯшанбинӣ эълом доштанд, ки озодии Қудс ва наҷоти мардуми Фаластин як амри зарурӣ барои ҷаҳони Ислом ва ҷомеаи башарӣ мебошад.
рақами хабар: 3131    Санаи нашр : 2025/03/28

ИКНА - Қудс на танҳо як шаҳри муқаддас барои мусулмонон, балки рамзи ваҳдат ва ҳамбастагии исломӣ мебошад. Ҳар сол, дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс, мусулмонон навобаста аз мазҳаб ва миллат, дар дифоъ аз ин сарзамини муқаддас муттаҳид мешаванд. Ин иттиҳод нишон медиҳад, ки масъалаи Қудс танҳо як мавзӯи маҳдуд ба Фаластин нест, балки як масъулияти умумии уммати исломӣ мебошад.
рақами хабар: 3130    Санаи нашр : 2025/03/28

ИКНА - Дар ҷараёни бозии дастаҳои Тунис ва Малӣ, як ҳаводори тунсӣ ба нишони эътироз аз ҳимоят шудани ширкати Карфур аз режими саҳюнистӣ, яке аз таблиғоти ин брендро пора кард.
рақами хабар: 3125    Санаи нашр : 2025/03/26

Пустери Рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯнамоӣ шуд
ИКНА - Ба гузориши ИКНА, нақли қавл аз равобити умумии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, ба фармудаи раҳбари муаззами инқилоб, Рӯзи Қудс нишондиҳандаи сафбандӣ байни ҳақ ва ботил, адолат дар муқобили зулм аст. Рӯзи Қудс танҳо рӯзи Фаластин нест, балки рӯзи уммати исломӣ мебошад. Ин рӯз, фарёди мусалмонон алайҳи ғуддаи марговари саҳюнизм аст, ки тавассути дасти ишғолгарон, мудохилагарон ва қудратҳои истикборӣ бар уммати исломӣ таҳмил шудааст.
рақами хабар: 3119    Санаи нашр : 2025/03/26

Рамазон Шариф:
ИКНА - Раиси ситоди марказии гиромидошти интифоза ва Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ишора ба дастовардҳои маънодори ин рӯз гуфт: ибтикори мӯъҷизаосои Имом Хумайнӣ дар номгузории ҷумъаи охири моҳи мубораки Рамазон ба номи Рӯзи Қудс ва ҳузури густурдаи мардум дар роҳпаймоии ин рӯз иҷозат надод, ки стратегияи режими саҳюнистӣ барои фаромӯш кардани масъалаи Фаластин ва ишғоли ин сарзамини муқаддас амалӣ шавад.
рақами хабар: 3113    Санаи нашр : 2025/03/24

ИКНА - Созмони Милал эълон кард, ки беш аз 545 ҳазор фаластинӣ аз замони оғози оташбас дар Ғазза аз ҷануби Ғазза ба шимоли он кӯчидаанд.
рақами хабар: 3058    Санаи нашр : 2025/03/17

ИКНА - Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълон кард, ки Амрико ва Исроил дар ҳоли содир кардани ҷиноятҳои бузург алайҳи мардуми Яман ва Фаластин ҳастанд.
рақами хабар: 3055    Санаи нашр : 2025/03/17

ИКНА - Иқдоми Академияи улум ва ҳунарҳои синамои Амрико дар эътои ҷоизаи Оскар ба филми мустанаде дар бораи Фаластин боиси хашми саҳюнистҳо гардид.
рақами хабар: 2990    Санаи нашр : 2025/03/04

ИКНА - Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос субҳи имрӯз (шанбе) фаро расидани моҳи мубораки Рамазонро ба миллати Фаластин дар дохил ва хориҷи кишвар табрик гуфт.
рақами хабар: 2973    Санаи нашр : 2025/03/01

ИКНА - Давлати Индонезия бо ҳамкории муассисаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ як маърака бо унвони «Ҳамбастагӣ, ҳамкории воқеӣ ва умеди нав» барои ҷамоварии зиёда аз 200 миллион доллар дар моҳи шарифи Рамазон бо ҳадафи кӯмак ба Фаластин , бахусус Ғазза ва бозсозии ин минтақа роҳандозӣ кардааст.
рақами хабар: 2966    Санаи нашр : 2025/02/28

ИКНА - Ширкати Майкрософт панҷ корманди худро пас аз эътироз ба қарордодҳои ин ширкат бо артиши режими саҳюнистӣ ихроҷ кард.
рақами хабар: 2960    Санаи нашр : 2025/02/26

ИКНА - Сокинони Қудс дар маросими бошукӯҳ бо шайх Довуд Атоуллоҳ Сиём, қории Масҷидул-Ақсо видоъ карданд.
рақами хабар: 2951    Санаи нашр : 2025/02/26