iqna

IQNA

ИКНА - Як пойгоҳи интернетии ихтисосӣ дар соҳаи меъморӣ масҷиди “Балӣ”-ро дар раддаи панҷ ибодатгоҳи зеботарини ҷаҳон ҷой дод.
рақами хабар: 3159    Санаи нашр : 2025/04/01

ИКНА - Музеи Ислом ии Пенанг дар Малайзия нақш ва ширкатҳои раҳбарони ин кишварро дар густариши Ислом намоиш медиҳад ва шахсиятҳои маъруфи он кишварро, ки дар асри 19 ва аввали асри 20 дар Пенанг таъсиргузор буданд, муаррифӣ мекунад.
рақами хабар: 3155    Санаи нашр : 2025/03/30

ИКНА - Аз Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ду васияти маъруф боқӣ мондааст: яке васияти ахлоқӣ бо хитоби умумӣ, ки дар он ба масоили муҳим таъкид мекунад: «الله الله فی الایتام...» ва дигарӣ васияти муфассали молиявӣ, ки ба «Китоби Ас-Садақоти Алӣ» (Санади хаттии вақфҳои Алӣ) маъруф аст.
рақами хабар: 3149    Санаи нашр : 2025/03/30

ИКНА - Осорхонаи сираи набавӣ дар Сенегал бо истифода аз навтарин фанновариҳо боздидкунандагонро бо зиндагии Паёмбари Акрам (с) ва ҷанбаҳои тамаддуни исломӣ ошно мекунад.
рақами хабар: 3121    Санаи нашр : 2025/03/26

ИКНА - Дар яке аз рӯзҳои моҳи мубораки Рамазони соли 1404, ба яке аз масҷидҳои машҳури Чин рафтам; аз лаҳзае ки вориди масҷид шудам, эҳсосоти гуногунеро таҷриба кардам...
рақами хабар: 3110    Санаи нашр : 2025/03/23

ИКНА - Вақте ки шахс дар давоми рӯз аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ мекунад, дар асл, машқи назорат бар нафси худро анҷом медиҳад. Ин машқ на танҳо ба ҷанбаи ҷисмонӣ, балки ба ҳолати рӯҳӣ ва равонии инсон низ таъсиргузор аст. Шахси рӯза­дор меомӯзад, ки чӣ гуна эҳсосоти манфии худро, ба монанди хашм ва ғазаб, идора кунад.
рақами хабар: 3014    Санаи нашр : 2025/03/09

ИКНА - Муфтии аъзами Беларус дар нишасти «Маҷлиси қуръонии ҷаҳони Ислом ; стратегияе муассир барои таҳаққуқи уммати воҳида» эълом кард: Мо бо ҳамкории мутахассисони динӣ аз Тотористон Қуръони Каримро ба забони русӣ тарҷума кардем ва матни онро барои дарки мусулмонони Беларус мутобиқ сохтем, ки Иншоаллоҳ то поёни соли ҷорӣ нашр хоҳад шуд.
рақами хабар: 3007    Санаи нашр : 2025/03/08

ИКНА - Хаймаи Рамазон, як рӯйдоди махсус дар Русия аст, ки ҳар рӯз суфраҳои ифтори дастҷамъӣ дар он барпо мешаванд ва беш аз 600 нафар, новобаста аз миллат ё ақидаи худ, дар ин суфраҳо ҳузур меёбанд.
рақами хабар: 2991    Санаи нашр : 2025/03/04

ИКНА - Рӯза на танҳо ба тақво ва парҳезкорӣ сабаб мегардад, балки ҳамчун як ибодати маънавӣ, таъсироти мусбати рӯҳиву равонӣ низ дорад. Яке аз ин фоидаҳо коҳиши стрес ва афзоиши оромиш мебошад. Вақте ки инсон барои муддати муайян аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ мекунад, зеҳн ва бадани ӯ фурсате барои истироҳат ва барқарорсозӣ пайдо мекунанд.
рақами хабар: 2989    Санаи нашр : 2025/03/04

Дуои рӯзи дуюми моҳи Рамазон
Худоё, маро дар ин моҳ ба ризои худ наздиктар кун ва аз ғазаб ва интиқомат дур бидор ва маро дар қироати оёти худ муваффақ бигардон, эй меҳрубонтарини меҳрубонон! [Дуои рӯзи дуюми моҳи шарифи Рамазон]
рақами хабар: 2986    Санаи нашр : 2025/03/03

Мусулмонон дар саросари ҷаҳон вобаста ба руъяти ҳилоли моҳ дар минтақаи худ, оғози моҳи мубораки Рамазонро дар рӯзҳои 1-ум ва 2-юми марти соли 2025 ҷашн гирифтанд.
рақами хабар: 2978    Санаи нашр : 2025/03/02

ИКНА - Мудири бахши байналмилалии Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим изҳор дошт, ки имсол ин бахш гуногунрангӣ ва танаввуъро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Ӯ гуфт: муаррифӣ ва тавзеҳи андешаҳои қуръонии имомайни Инқилоб ва мантиқии қуръонии муқовимат дар дастури кори бахши байналмилалии намоишгоҳ қарор гирифтааст.
рақами хабар: 2976    Санаи нашр : 2025/03/02

ИКНА - Мусулмонони Ҳолланд моҳи Рамазонро бо барномаҳои хайриявӣ ва ҷамомадҳои шабона таҷлил мекунанд.
рақами хабар: 2975    Санаи нашр : 2025/03/02

ИКНА - Калимаи «Рамазон» дар луғат ба маънои шиддати гармо ва тобиши офтоб аст. Аз Паёмбари Ислом (с) нақл шудааст, ки ин моҳ аз он рӯ Рамазон номида шудааст, ки гуноҳонро месӯзонад ва дилҳоро аз палидиҳо пок мегардонад.
рақами хабар: 2974    Санаи нашр : 2025/03/02

ИКНА - Сеюмин ҳамоиши байналмилалии бустони қуръонии Қатар бо мавзӯи "Нақши ҳифзи наботот дар тақвияти гуногунии зистӣ ва ҳифзи муҳити зист" бо ҳузури коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ дар ин кишвар баргузор гардид.
рақами хабар: 2959    Санаи нашр : 2025/02/26

ИКНА - Маросими анҷоми мусобиқоти байналмилалии қуръонии Танзания дар варзишгоҳи "Бенҷамин Макпа" дар шаҳри Дорус-Салом баргузор шуд.
рақами хабар: 2958    Санаи нашр : 2025/02/26

ИКНА - Ҳамзамон бо наздик шудани моҳи мубораки Рамазон, маъракаҳо барои таҳрими хурмои исроилӣ афзоиш ёфтааст.
рақами хабар: 2957    Санаи нашр : 2025/02/26

Як устоди амрикоӣ ташреҳ кард:
ИКНА - Як Қуръонпажӯҳи амрикоӣ бар он аст, ки байни Қуръон ва илоҳиёти иасеҳиёни давраи асрҳои бостонӣ як иртиботи байниматнӣ ва амиқ вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад ишораи Қуръон ба маслуб шудани Масеҳ як қисми як гуфтугӯи динӣ ва густарда дар он замон аст.
рақами хабар: 2945    Санаи нашр : 2025/02/25

ИКНА - Динори тиллоии англисӣ, ки ба номи динори исломӣ маъруф аст, дар соли 157 ҳиҷрӣ бо навиштаҷоти «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва «Муҳаммадур Расулуллоҳ» дар Британия аз ҷониби яке аз подшоҳони ин кишвар зарб шудааст.
рақами хабар: 2928    Санаи нашр : 2025/02/22

ИКНА - Бар асоси эъломи Ватикан, равандии муолиҷаи Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, ба далели мубтало шудан ба навъе аз уфунат дар ҳар ду шуш, печида шудааст.
рақами хабар: 2924    Санаи нашр : 2025/02/20