Аввалини нашрияи рӯсӣ бо мавзӯи сабки зиндагии ҳалол аз сӯии шӯрои муфтиётии Русия дар ин кишвар ба чопи расид.
Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Қуръон, ИКНА,ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «Islam.ru» , ин нашрия ба ҳиммати маркази байналмилалии стандартсозӣ ва гувоҳиномаи ҳалоли шӯрои муфтиёти Русия бо номи Ҷаҳони ҳалол (Halal Globe) мунташир шуд.
Ҳайдарҳоҷӣ Азизов дабири кулли маркази байналмилалии ҳалоли Русияи муҷрии тарҳи интишори аввалини нашрияи сабки зиндагии ҳалол дар Русия аст .
Дар ин нашрияи мавзӯъоти мухталифе дар ҳавзаҳои тиҷорат, омӯзиш, фарҳанг, сафар, хайрия ва варзиш аз манзари ҳалол ва мутобиқ бо сабки зиндагии исломӣ ироа мешавад.
Илова бар он ахбор ва иттифоқоти муҳими зиндагии уммати мусалмони Русия дар ин нашрияи пӯшиш дода хоҳад шуд.
Ин нашрия ба сурати фаслнома мунташир мешавад.
1282461