Ба гузориши IQNA аз хабаргузории Озодагон дар Чеченистон озмуни Қуръонхонӣ баргузор мешавад. Дар он наврасоне ҳаққи ширкат доранд, ки мактабҳои диннии ин кишварро хатм кардаанд. Бино ба иттилои торнамои “Ал-РТВ” хурдтарин иштирокчии озмун 9 сола аст.
Тибқи қавоиди озмун ҳар иштирокчӣ бояд ба се савол аз таҷвид ва азёд донистани Қуръон ҷавоб бигӯяд. Озмуни Қуръонхонӣ дар се давр гузаронда мешавад. Натиҷаҳои даври аввал 5-уми октябр, дар рӯзи мавлуди Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон маълум мегардад. Се ғолиби мутлақи озмун бошад, баъди се моҳ маълум хоҳад шуд.
1297783