iqna

IQNA

ИКНА - Оромгоҳи имомзода Абдулмӯъмин Ҳабибобод, навода имом Мӯсо Козим (а) бо қидмати 700 сола дар Ҳабибободи Исфаҳон қарор дорад. Ин зиёратгоҳи таърихӣ бо гунбади дупуш, кошикориҳои зариф ва наққошиҳои деворӣ, ҷилвае аз ҳунар ва маънавиятро дар дили таърих ҳифз кардааст.
рақами хабар: 2650    Санаи нашр : 2024/12/30

ИКНА - Ба талоши намояндагии фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Индонезия ва ҳамкории муассисаҳои қуръонӣ, давраи омӯзиши «Равиш ва сабки ҳифзи Қуръони Карим ба сабки эронӣ» оғоз шуд.
рақами хабар: 2647    Санаи нашр : 2024/12/29

Бо ҳузури вазири иршод
ИКНА – Понздаҳ бонуи қуръонпажӯҳ дар ҳамоиши шонздаҳумин давраи байналмилалии занони-қуръонпажӯҳ дар ин маросим бо иштироки вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, панҷнафар аз заноне, ки дар таълим ва фаолияти қуръонӣ саҳм доранд, таҷлил шуданд.
рақами хабар: 2640    Санаи нашр : 2024/12/27

ИКНА - Ҳафтумини ҳамоиши байналмилалӣ - фарҳангии «Руҳи Нубувват», ки махсуси бонувон аст, ба муносибати милоди ҳазрати Заҳро (а.с) ва бо талоши остони муқаддаси Аббосӣ дар Карбалои Муалло оғоз шуд.
рақами хабар: 2638    Санаи нашр : 2024/12/27

ИКНА - Марҳилаи ниҳоии бахши маорифи чиҳилу ҳафтумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муаррифии баргузидагони дохилӣ ва байналмилалӣ поён ёфт. Ин мусобиқоти маорифӣ рӯзҳои 21-ум то 25-уми декабр баргузор шуд.
рақами хабар: 2636    Санаи нашр : 2024/12/27

ИКНА - Яке аз муҳимтарин давраҳои зиндагии ҳазрати Исо (а), давраи милоди ӯст. Ҳикояте, ки Қуръон дар бораи милоди ҳазрати Исо (а) нақл мекунад, бо ҳикояи милоди ӯ дар китоби муқаддаси насрониҳо фарқиятҳо дорад.
рақами хабар: 2627    Санаи нашр : 2024/12/25

Ёддошт
ИКНА - Масъули муассисаи бонувони қуръонпажӯҳ дар ёддоште дар бораи дастовардҳои ҳамоиши бонувони қуръонпажӯҳ дар ду даҳаи ахир изҳор дошт: бо ифтихор эълон мекунем, ки фаъолиятҳои қуръонии бонувон дар ҳамаи бахшҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон беназир аст.
рақами хабар: 2620    Санаи нашр : 2024/12/24

ИКНА - Ҳарами муқаддаси ҳазрати Або Абдиллоҳи Ҳусайн (а) дар шабу рӯзи милоди модари гиромии ишон, ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), пур аз зоироне аст, ки аз Ироқ ва дигар кишварҳо ба Карбало сафар кардаанд, то ин рӯзро дар паҳлуи мақбараи нуронии Имом Ҳусайн (а) гиромӣ доранд.
рақами хабар: 2615    Санаи нашр : 2024/12/22

Дидори Раҳбари Муаззами Инқилоб бо маддоҳони Аҳли байт (а):
ИКНА - Раҳбари Муаззами Инқилоби Эрон субҳи имрӯз дар дидор бо ҳазорон нафар аз маддоҳон ва шоирони Аҳли байт (а), бо таъкид бар ин ки муҳимтарин кори ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) табйин буд, фармуданд: " маддоҳони Аҳли байт (а) пайравӣ аз ҳазрати Заҳро (с) дар табйин аст."
рақами хабар: 2614    Санаи нашр : 2024/12/22

Ҳуҷҷатул-ислом Алиризо Баҳромӣ:
ИКНА - Мудири Дафтари ҳамкориҳои илмӣ ва умури байналмилалии Муассисаи Дорулҳадис бо ишора ба баёноти раҳбари муаззами инқилоби Эрон гуфт: “Як силсила масъалаҳои хоси занон аст ва табиатан муҷтаҳиди зан дар бархе аз мавзӯот ва ташхиси онҳо метавонад дақиқтар аз мардон амал кунад, бинобар ин, раҳбари муаззами инқилоби Эрон бар ин нукта таъкид карданд.”
рақами хабар: 2610    Санаи нашр : 2024/12/21

Муҳаммадризо Пурмуъин изҳор дошт:
ИКНА - Мушовири раиси ситоди баргузории чиҳилу ҳафтумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Созмони авқоф бо ишора ба ин ки мусобиқоти саросарии Қуръон дар Табрез бо шукӯҳи хубе баргузор шуд, бо зикри се хусусияти ин рӯйдоди миллӣ ба ҷанбаҳои мухталифи мусобиқот дар кишвар пардохт.
рақами хабар: 2609    Санаи нашр : 2024/12/21

ИКНА - Сайид Ҷосим Мусавӣ, қории барҷастаи кишвари Эрон, дар 47-умин даври мусобиқоти саросарии Қуръони Карим дар бахши таҳқиқ мақоми аввалро ба даст овард. Дар идома, тиловати ифтихории ин қории барҷастаро, ки дар маросими ҷамъбастӣ аз оятҳои поёнии сураи Марям ва оятҳои аввали сураи Тоҳо қироат кард, метавонед тамошо кунед.
рақами хабар: 2603    Санаи нашр : 2024/12/20

ИКНА - Баргузидагони Ҷашнвораи понздаҳуми байналмилалии Форобӣ дар бахшҳои гуногун бо ҳузури раисиҷумҳур муаррифӣ ва қадршиносӣ шуданд.
рақами хабар: 2596    Санаи нашр : 2024/12/18

Финалисти мусобиқоти сартосарии Қуръон:
ИКНА - Сайидсодиқи Козимӣ, ширкаткунандаи бахши "тартил" дар марҳилаи ниҳоии чилу ҳафтумин давраи мусобиқоти сартосарии Қуръон, таъкид намуд, ки бояд ба пайвасти муассири кӯдакон ва наврасон бо мафҳумҳои қуръонӣ таваҷҷуҳ шавад. Ӯ гуфт, ки дар ин роҳ бояд аз эҷодкорӣ ва усулҳои мутобиқ ба зиндагии ҷавонон истифода кард.
рақами хабар: 2594    Санаи нашр : 2024/12/18

Устод Муҳаммадалии Озаршаб дар гуфтугӯ бо ИКНА:
ИКНА - Муҳаммадалии Озаршаб, устоди пешкисвати забон ва адабиёти араб дар гуфтугӯ бо ИКНА таъкид кард: Забони арабӣ «забони арабҳо» нест; Забон «тамаддуни исломӣ» аст. Ҳамчунин бузургтарин ва бештарини хадамотро Эрониҳо ба забони арабӣ ироа кардаанд. Муҳимтарини устодон балоғат дар забони арабӣ «эрониён» ҳастанд.
рақами хабар: 2593    Санаи нашр : 2024/12/17

ИКНА - Абдулҳамид Фароҳӣ (1863–1930), андешаманди мусулмони ҳиндӣ буд, ки дар улуми Қуръон, тафсир ва тадаббур дар оятҳо тахассус дошт. Усули истинботии ӯ, ки онро «Илми Низом» номид, дари бузургеро барои фаҳми асрор ва балоғати Қуръон ба рӯи муҳаққиқон кушод.
рақами хабар: 2590    Санаи нашр : 2024/12/17

Ширкаткунандаи мусобиқоти саросарии Қуръон изҳор кард:
ИКНА - Маҳдии Салоҳӣ бо изҳор доштани ин ки ба ҳайси мубаллиғ ба кишварҳои Туркия ва Покистон фиристода шудааст, гуфт: "Кишварҳои исломӣ таваҷҷуҳи махсус ба тиловати қориёни эронӣ доранд ва аз назари фаннӣ ва тахассусӣ моро дар сатҳи баланд мебинанд."
рақами хабар: 2589    Санаи нашр : 2024/12/17

Раҳбари муаззами инқилоб дар мулоқот бо ҳазорон бону:
ИКНА - Раҳбари муаззами инқилоб субҳи имрӯз дар мулоқот бо гурӯҳе аз қишрҳои гуногуни бонувони саросари кишвар, бо изҳор доштани ин ки ҳазрати Заҳро (с) намунаи ҷовидонаи зани мусулмон аст, фармуданд: "Бонувон бояд аз усулҳои нармафзории душман ҳушёр бошанд ва фирефтаи шиорҳо ва васвасаҳо нашаванд."
рақами хабар: 2588    Санаи нашр : 2024/12/17

ИКНА - Гурӯҳи ҳамхонии Тасним аз Исфаҳон ҳамхони оёте аз сураи Нозиотро ба сабки устод Шаҳот Муҳаммад Анвар мунташир кард.
рақами хабар: 2585    Санаи нашр : 2024/12/16

ИКНА - Дар марҳилаи муқаддамотии чилу якумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон, доварӣ ба таври ғайриҳузурӣ оғоз шуд. Дар ин марҳила, файлҳои видеоии 350 иштирокчӣ аз 102 кишвар аз ҷониби ҳайати доварон баррасӣ мешаванд, то беҳтаринҳо барои иштирок дар марҳилаи ниҳоӣ, ки аз 8-уми баҳман дар шаҳри муқаддаси Машҳад баргузор мегардад, интихоб шаванд.
рақами хабар: 2583    Санаи нашр : 2024/12/16