iqna

IQNA

ИКНА - Муовини анҷумани фатвои Аврупо зимни такзиби иддаои аҳзоби рости ифротӣ мабни бар барномаи мусулмонон барои тағйири ҳувияти Аврупо, гароиш ба Ислом дар Ғарбро амри рӯзафзун хонд, ки ҷанги ахир дар Ғазза яке аз муҳиммтарин авомили он аст.
рақами хабар: 1252    Санаи нашр : 2024/03/23

ИКНА - Ҳамлаҳои артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва дар пайи он афзоиши шумори шаҳидон ва захмиҳо дар Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад.
рақами хабар: 1229    Санаи нашр : 2024/03/17

ИКНА - Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар баёнияе, ҷинояти ҷадиди душмани ишғолгар ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ҳадаф қарордодани шаҳрвандоне, ки дар майдони «Ал-Кувайтаи» Ғазза барои дарёфти кумакҳои башардӯстона ҷамъ шуда будандро маҳкум кард.
рақами хабар: 1216    Санаи нашр : 2024/03/15

ИКНА - Бо вуҷуди эътирозот ва тазоҳуроти густурда дар нуқоти мухталифи ҷаҳон алайҳи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ, сукут ва беамалии маҷомеи байналмилалӣ мӯҷиби тадовуми кӯдаккушии саҳюнистҳо дар Навори Ғазза шудааст.
рақами хабар: 1179    Санаи нашр : 2024/03/08

ИКНА - Усома Ҳамдон, намояндаи ҷунбиши исломии Ҳамос дар мусоҳибаи телевизионӣ бо Ал-Маёдин гуфт: амрикоиҳо ва исроилиҳо ба думболи оташбаси муваққат ва мухолифи таваққуфи ҷанг дар Ғазза ҳастанд.
рақами хабар: 1177    Санаи нашр : 2024/03/07

ИКНА - Амрико бо тағйири мавзеи худ дар бораи пешнависи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз оташбаси фаврии 6 ҳафтаӣ дар Ғазза ба ҳамроҳи озодии тамоми усаро ҳимоят кардааст.
рақами хабар: 1176    Санаи нашр : 2024/03/06

ИКНА - Дабири кулли СММ, Шӯрои Амният, неруи Ансоруллоҳи Яман, раёсатҷумҳурӣ ва Вазорати хориҷаи Фаронса ба бомбаборони даҳҳо нафар аз фаластиниён дар шимоли Навори Ғазза дар навбати дарёфти ғизо вокуниш нишон доданд.
рақами хабар: 1152    Санаи нашр : 2024/03/02

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: Масъалаи Ғазза Исломро ба дунё муаррифӣ кард ва маълум шуд, ки Ислом ва омили дин, боиси иқтидору муқовимату таслим нашудани мардум дар муқобили ин ҳама бомбаборон ва фоҷеаофаринии саҳюнистҳост. Ин масъала ҳақиқати фарҳангу тамаддуни ғарбиро ҳам ба ҷаҳониён нишон дод ва мушаххас шуд, ки сиёсатмадорони баромада аз ин фарҳанг ҳатто ҳозир ба эътироф ба иқдоми саҳюнистҳо дар наслкушии фаластиниҳо нестанд ва бо вуҷуди бархе ҳарфҳо, дар амал бо ветои қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал пеши таваққуфи ҷиноятҳоро мегиранд.
рақами хабар: 1147    Санаи нашр : 2024/02/29

Амрико мушаввиқ ва шарик аслии ҷиноёте аст, ки саҳюнистҳо дар Ғазза анҷом медиҳанд. Дар ҳақиқат бидуни ҳимояти Амрико мавҷудияте ба номи режими саҳюнистӣ қобили давом нахоҳад буд.
рақами хабар: 1087    Санаи нашр : 2024/02/15

ИКНА - Фаластиниҳо дар Навори Ғазза, ба шиддат бо хатари наслкушӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба анҷоми иқдомоти лозим барои ҷилавгирӣ аз наслкушии режими саҳюнистӣ, пойбанд бошад.
рақами хабар: 1077    Санаи нашр : 2024/02/13

ИКНА - Як мақоми аршади Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки тахриби зерсохтҳои ғайри низомӣ  дар Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ нақзи "Конвенсияи Женева" аст.
рақами хабар: 1059    Санаи нашр : 2024/02/09

ИКНА - Тарафдорони футбол ӯро Мессии Урдун меноманд, аммо дар масҷиди Ас-Солиҳин ҳамон шайх Мӯсо Ат-Таъмирӣ аст, худаш ин номро дӯст дорад ва ба он ифтихор мекунад. Пеш аз бозӣ, Қуръон мехонд ва ҳамеша пеш аз вуруд ба замин, дохили автобус ё рахткан машғули муноҷоти бо Худованд аст.
рақами хабар: 1045    Санаи нашр : 2024/02/06

ИКНА - Мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръон ва ибтиҳолоти динии Порт-Саъиди Миср шомгоҳи ҷумъа, дар салони бузурги ҳамоишҳои маркази фарҳангии ин шаҳр дар ҳоле ифтитоҳ шуд, ки бо ёди Қудс ва Масҷидулақсо ва маҳкумияти таҷовузҳои режими палид ва ҷинояткори Исроил ба Ғазза ҳамроҳ буд.
рақами хабар: 1034    Санаи нашр : 2024/02/05

ИКНА - Дар шаҳрхои Мадрид, Милан, Рум ва Берлин мардум ба нишони якдилӣ бо шаҳрвандони Фаластин ба хиёбонҳо баромаданд.
рақами хабар: 1010    Санаи нашр : 2024/01/29

ИКНА - Бо гузашти 104 рӯз аз оғози ҷанг ва идомаи бомбаборони Ғазза,  шумори шуҳадои фаластинӣ ба беш аз 24 ҳазор шаҳид расида, ки 10 ҳазору 400 нафар аз қурбониён, кӯдак ҳастанд.
рақами хабар: 968    Санаи нашр : 2024/01/19

ИКНА - Намоишгоҳе аз осори ҳунарии кӯдакони Ғазза, ки дар Истамбул баргузор шудааст, бо истиқболи густурдаи боздидкунандагони дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯ шудааст.
рақами хабар: 952    Санаи нашр : 2024/01/14

ИКНА - Дар беш аз 95 рӯзе, ки аз ҷанг мегузарад, режими ғосиби саҳюнистӣ ҳазору 944 куштор анҷом дода, ки 30 ҳазору 210 шаҳид ва мафқуд бар ҷой гузоштааст.
рақами хабар: 939    Санаи нашр : 2024/01/11

ИКНА - Ҷамъе аз хохомҳои амрикоӣ бо таҷаммӯъ дар Шӯрои Амният хостори таваққуфи ҷанг дар Ғазза ва поён додан ба ҳимояти давлати Амрико аз таҷовузоти Исроил шуданд.
рақами хабар: 936    Санаи нашр : 2024/01/10

ИКНА - Артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ ҳамлаҳои худ дар марказ ва ҷануби Навори Ғаззаро дар ҳоле, ки ташдид кард, ки шабона рӯзи гузашта яке аз хунбортарин рӯзҳои артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Ғазза буд.
рақами хабар: 932    Санаи нашр : 2024/01/10

ИКНА - Фарзандони бисёре аз хонаводаҳои овораи фаластинӣ дар шаҳри Рафаҳ алорағми шароити вахими ҷангӣ ва камбуди имконоти аввалия барои гузарони зиндагӣ бо ҳузур дар хаймаҳои қуръонии барпо шуда дар ин минтақа ба омӯхтани Қуръон ва дарсҳое аз ахлоқ ва ақоиди исломӣ ҳиммат гумордаанд.
рақами хабар: 922    Санаи нашр : 2024/01/08