Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Қуръон, ИКНА, Ҳазрати Оятуллоҳи узмо Хоманаӣ - Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба бистудувумин иҷлоси саросарии намоз, таъкид карданд: Соҳибони андеша ва баён, бо гуфтан ва навиштан ва масъулони созмонҳо низ мутаносиб бо коркарди он созмон, метавонанд ин вазифаи бузургро адо кунанд.
Дар паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омада аст: Кайфият ёфтани намоз ба ин маъно аст, ки намоз, бо ҳол ва ҳузур адо шавад, намозгузор ба намоз бо чашми миъоди мулоқот бо Худо бингарад ва дар он бо Худои худ сухан бигӯяд ва худро дар ҳузури вай бубинад.
Эшон камбуди масҷид, набуди ҷойгоҳи намоз дар марокизи иҷтимоӣ, ҳамчун варзишгоҳ ва бустон ва истгоҳҳо ва монанди он, муроот нашудани вақти намоз дар васоили нақлияи мусофирбарӣ, напардохтани шоиста ба намоз дар китобҳои дарсӣ, напардохтан ба покизагӣ ва беҳдошт дар масоҷид ва ҳар камбуди дигаре аз ин қабилро нуқоти заъфе донистанд, ки бояд ҳимматҳои баланд барои зудудани он барангехта шавад.
Оини ифтитоҳияи бистудувумин иҷлоси саросарии намоз имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузури ҷамъе аз шахсият ва мақомоти кишварӣ ва бо қироати паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Донишгоҳи Луристон дар ғарби Эрон оғоз шуд.
1282458