ИКНА - Иқдоми Академияи улум ва ҳунарҳои синамои Амрико дар эътои ҷоизаи Оскар ба филми мустанаде дар бораи Фаластин боиси хашми саҳюнистҳо гардид.
рақами хабар: 2990 Санаи нашр : 2025/03/04
ИКНА - Давлати Индонезия бо ҳамкории муассисаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ як маърака бо унвони «Ҳамбастагӣ, ҳамкории воқеӣ ва умеди нав» барои ҷамоварии зиёда аз 200 миллион доллар дар моҳи шарифи Рамазон бо ҳадафи кӯмак ба Фаластин, бахусус Ғазза ва бозсозии ин минтақа роҳандозӣ кардааст.
рақами хабар: 2966 Санаи нашр : 2025/02/28
ИКНА - Ширкати Майкрософт панҷ корманди худро пас аз эътироз ба қарордодҳои ин ширкат бо артиши режими саҳюнистӣ ихроҷ кард.
рақами хабар: 2960 Санаи нашр : 2025/02/26
Ерусалим Пост навишт;
ИКНА - «Шоқи Фридман», устоди ҳуқуқ дар Маркази Академяи Перс, дар мақолаи худ, ки дар рӯзномаи «Ерусалим Пост» нашр шудааст, ба баррасии стандартҳои дугонаи баъзе кишварҳои ҷаҳон дар мавриди он чӣ ки кӯчи иҷбории аҳолии Навори Ғазза номида мешавад, мепардозад.
рақами хабар: 2946 Санаи нашр : 2025/02/25
ИКНА - Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бори дигар дар мухолифат бо нақшаи ошкорои Трамп ва пайравони ӯ бар зидди Фаластин барои кӯчонидани маҷбурии аҳолии Ғазза таъкид кард: Қудс танҳо ҷоест, ки миллати Фаластин ба он муҳоҷират хоҳанд кард.
рақами хабар: 2897 Санаи нашр : 2025/02/15
ИКНА - Як расонаи ибризабон бо интишори натоиҷи як назарсанҷии нав, фош кард, ки Исроил дар ҳоли таҷрибаи бадтарин дуқутбии иҷтимоӣ дар таърихи худ аст. Бар асоси ин назарсанҷӣ, ки аз ҷониби рӯзномаи "Исроил Ҳаём" ва муассисаи таҳқиқотии "Тошлит" анҷом ёфтааст, ҳадди ақал як сеюми исроилиҳо ҳеҷ як аз ниҳодҳои ҳукмрониро қабул намекунанд. Ин натоиҷ нишондиҳандаи бӯҳрони беэътимодӣ ба ниҳодҳои расмии Исроил мебошанд.
рақами хабар: 2896 Санаи нашр : 2025/02/15
ИКНА - Вазорати корҳои хориҷии Миср аз талошҳо барои баргузории нишасти изтирории Созмони ҳамкории исломӣ хабар дод.
рақами хабар: 2883 Санаи нашр : 2025/02/12
ИКНА - Ҳаракати Ҳамос аз мухолифати кишварҳои ҷаҳон нисбат ба кӯчи иҷбории аҳолии Ғазза қадрдонӣ кард.
рақами хабар: 2882 Санаи нашр : 2025/02/12
ИКНА - Раиси парлумони Туркия, Нуъмон Кӯртулмуш, дар вокуниш ба тарҳи Доналд Трамп барои ихроҷи фаластиниёни Ғазза таъкид кард, ки замини мусалмонҳо ва масеҳиёни Фаластин на барои фурӯш ба президент ва ширкатҳои ӯст, балки ватани мардуми Фаластин аст.
рақами хабар: 2870 Санаи нашр : 2025/02/10
Гардян гузориш дод:
ИКНА - Таҳлилгари рӯзномаи "Гардян" бар ин назар аст, ки бозсозии ду бинои таърихии мероси ҷаҳонӣ – масҷиди Умарӣ ва калисои Перфориус дар Ғазза ҳамчун оғози бозсозии ин минтақаи харобшуда, як иқдоми рамзӣ барои ҷиноятҳое мебошад, ки анҷом шудаанд ва нишон медиҳад, ки ҷаҳон барномаи Трампро барои кӯчонидани фаластиниҳо ва табдили Ғазза ба як минтақаи тафреҳӣ рад мекунад.
рақами хабар: 2861 Санаи нашр : 2025/02/09
ИКНА - Китобхонаи масҷиди Ақсо дар Байтулмуқаддас яке аз ганҷинаҳои нодири китоб дар Фаластин маҳсуб мешавад, ки дорои нусхаҳои дастнависи китобҳои динӣ, аз ҷумла масоҳиф ва осори таърихӣ аз даврони Мамлукиҳо ва Усмониҳо мебошад.
рақами хабар: 2855 Санаи нашр : 2025/02/08
ИКНА - Субҳи имрӯз, Раҳбари муаззами инқилоби Эрон дар дидори раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос ва аъзои он бо ёдоварии шаҳидони Ғазза ва фармондеҳони шаҳид, махсусан шаҳид Исмоил Ҳания, хитоб ба раҳбарони Ҳамос изҳор доштанд: “Шумо на танҳо бар режими саҳюнистӣ, балки дар воқеъ бар Амрико ғалаба кардед ва бо лутфи Парвардигор нагузоштед, ки онҳо ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ даст ёбанд.”
рақами хабар: 2853 Санаи нашр : 2025/02/08
ИКНА - Сухангӯи ЮНИСЕФ, бо изҳори нигаронӣ аз вазъияти вахими кӯдакон дар Навори Ғазза , таъкид кард, ки ояндаи Навори Ғазза аз ҷониби сокинони ин минтақа муайян карда мешавад ва онҳо қатъият доранд, ки он чизеро, ки вайрон шудааст, аз нав созанд.
рақами хабар: 2846 Санаи нашр : 2025/02/07
ИКНА - Тибқи гузоришҳои СММ, дар ҳамлаҳои ваҳшии саҳюнистҳо ба навори Ғазза дар давоми зиёда аз 15 моҳ, қариб ҳамаи инфрасохтори ғайринизомии ин минтақа ба марзи нобудӣ расидааст ва ҳаҷми баланди харобиҳо боиси он мешавад, ки бозсозии ин минтақа чанд даҳсола тӯл бикашад.
рақами хабар: 2845 Санаи нашр : 2025/02/07
ИКНА - Масъулони Ҳамос аз кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ барои маҳкум кардани изҳороти Доналд Трамп дар бораи муҳоҷирати мардумони Фаластин, таъкид карданд: Ҷомеаи байналмилалӣ бояд аз ҳуқуқи мардуми Фаластин барои анҷом додани ишғолгарӣ ва ҳаққи муайян кардани сарнавишташон ҳимоят кунад.
рақами хабар: 2843 Санаи нашр : 2025/02/05
ИКНА - Бар асоси нашри маълумоти нав дар бораи таҳаррукоти Ҳамос ду ҳафта қабл аз ҳамлаи 7 октябр, бори дигар нотавонии сохторҳои амниятӣ ва ҷосусии режими саҳюнистиро фош кард.
рақами хабар: 2839 Санаи нашр : 2025/02/05
ИКНА - Ҳамзамон бо иди хуҷастаи Биъсати Паёмбари Аъзам (с), гурӯҳе аз намояндагон ва сафирони кишварҳои исломӣ бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор намуданд. Дар ин мулоқот раҳбари инқилоб фармуданд: "Ҷараёни биъсат як ҷараёни доимӣ ва пайваста аст ва дар ҳамаи давраҳо метавон аз баракоти биъсат истифода бурд."
рақами хабар: 2789 Санаи нашр : 2025/01/28
ИКНА - 200 асири фаластинӣ, ки ба ҳабси абад ва ҳукмҳои вазнин маҳкум шуда буданд, пас аз озодшавӣ бо суханон ва рафторашон саҳнаҳои ҷадиде офариданд. Ин саҳнаҳо боиси он шуд, ки режими саҳюнистӣ пас аз шикаст дар Тӯфонул-Ақсо, зарбаи сахттари дигареро дар Тӯфонул-Аҳрор эҳсос кунад.
рақами хабар: 2778 Санаи нашр : 2025/01/26
ИКНА - Як расонаи исроилӣ ба баррасии тактикаи Ҳамос дар нигоҳдорӣ ва ҷойгузории асирони саҳюнистӣ дар тӯли 15 моҳи ҷанг дар Ғазза пардохт.
рақами хабар: 2777 Санаи нашр : 2025/01/26
ИКНА - Намояндаи доимии Русия дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба куштори беш аз 14 ҳазор кӯдаки фаластинӣ тавассути Исроил дар Ғазза, гуфт: Нодида гирифтани куштори кӯдакон дар Ғазза аз ҷониби Исроил, ба хубӣ беэътиноии кишварҳои ғарбӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи башарро нишон медиҳад.
рақами хабар: 2776 Санаи нашр : 2025/01/26