ИКНА - Раисҷумҳури Туркия аз кишварҳои исломӣ даъват кард, ки пас аз оташбас, ҳимоятҳои худро аз мардуми Ғазза идома диҳанд.
рақами хабар: 2763 Санаи нашр : 2025/01/22
ИКНА - Режими саҳюнистӣ дар солҳои охир бо мушкилоти ҷиддии молиявӣ рӯбарӯ шудааст, ки ин асосан ба ҷангҳои он дар минтақаҳои мухталиф, бахусус Ғазза ва Лубнон, рабт дорад. Дар соли 2024, вазъи иқтисодии ин режим бештар аз ҳар вақти дигар зери таъсири масрафҳои бузурги низомӣ қарор гирифт, ки ба афзоиши бесобиқаи қарзҳои давлатӣ ва сатҳи қарзи умумӣ оварда расонд.
рақами хабар: 2759 Санаи нашр : 2025/01/22
ИКНА - Корвони хайрияви "Ал-Амал", ки дар Туркия фаъолият мекунад, ба тақсим ва ҳадя кардани нусхаҳои Қуръон миёни хонандагони мактабҳои динӣ дар кишвари Бурунди иқдом намуд.
рақами хабар: 2751 Санаи нашр : 2025/01/20
ИКНА - Низоми ишғолгари Исроил субҳи имрӯз, душанбе, ниҳоят пас аз таъхири қасдона дар раванди озодсозии асирони Фаластин, 90 тан аз онҳоро бар асоси тавофуқи табодули асирон (30 асир дар муқобили 1 асир) озод кард.
рақами хабар: 2749 Санаи нашр : 2025/01/20
ИКНА - Бар асоси гузоришот, ҳамалот шадиди саҳюнистҳо ба Навори Ғазза на танҳо сабаби харобии манозил ва зербиноҳо шудаанд, балки зиндагии миллионҳо фаластиниро ба фоҷиа табдил додаанд. Бо хароҷоти тахминии 80 миллиард доллар, барқарорсозии ин минтақа даҳсолаҳо вақт ва ҳамбастагии ҷаҳониро талаб мекунад.
рақами хабар: 2732 Санаи нашр : 2025/01/17
ИКНА - Гурӯҳҳои муқовимат ва шахсиятҳои мухталиф, тавофуқи оташбас дар Ғаззаро як пирӯзи бузург барои мардуми Фаластин ва ҷаҳон исломӣ тавсиф карданд.
рақами хабар: 2731 Санаи нашр : 2025/01/17
ИКНА - Як коршиноси умури амниятӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ иқрор кард, ки ҳарчанд ин режим маҷбур шуд созиши оташбас дар Ғаззаро бипазирад, манфиатҳои ин созиш барои Тел-Авив маҳдуд хоҳад буд.
рақами хабар: 2729 Санаи нашр : 2025/01/17
ИКНА - Ҷанги Ғазза барои режими саҳюнистӣ ба мушкиле фаротар аз як даргирии низомӣ табдил ёфтааст. Эътирофи ошкори “Ави Ашкеназӣ”, таҳлилгари низомии исроилӣ, дар мавриди ғарқ шудани ин режим дар ботлоқи Ғазза, на танҳо ҳақиқати талхро ошкор мекунад, балки ҳамчун занги хатар барои ояндаи ин режим арзёбӣ мешавад.
рақами хабар: 2715 Санаи нашр : 2025/01/12
ИКНА - Ҷунбишҳои фаластинии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ бо содир кардани баёнияҳои ҷудогона интихоби раисҷумҳури ҷадиди Лубнонро табрик гуфтанд.
рақами хабар: 2704 Санаи нашр : 2025/01/10
ИКНА - Шайх Наим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳ, дар суханрониаш ба муносибати солгарди шаҳодати Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис ва ҳамроҳонашон таъкид кард, ки сабри Ҳизбуллоҳ дар баробари амалҳои режими саҳюнистӣ ба поён наздик шудааст.
рақами хабар: 2684 Санаи нашр : 2025/01/05
ИКНА - Вазорати вақф ва умури мазҳабии Фаластин эълон кард, ки нерӯҳои ишғолгари Исроил дар моҳи охири соли 2024 (декабри гузашта) 48 маротиба аз пахши азон дар Масҷиди Иброҳимӣ ҷилавгирӣ карданд.
рақами хабар: 2676 Санаи нашр : 2025/01/04
ИКНА - Раҳбари Ансоруллоҳи Яман изҳор дошт, ки оташ задани бемористони "Камол Адвон" аз ҷониби душмани саҳюнистӣ нишонаи густохии ин режим ва як ҷинояти ошкор мебошад.
рақами хабар: 2675 Санаи нашр : 2025/01/04
ИКНА - Дар ҳоле ки артиши режими саҳюнистӣ дар аввалин соатҳои соли нави мелодӣ, аз шимол то ҷануби Навори Ғазза ро бо тӯпхона ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳадаф қарор додаст, Маркази исломии Ал-Азҳари Миср дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба муносибати фаро расидани соли нави мелодӣ (2025) паём нашр кард.
рақами хабар: 2665 Санаи нашр : 2025/01/02
ИКНА - Шаби гузашта, шаҳри Лондон шоҳиди тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳамлаи режими палид ва ҷинояткори Исроил ба бемористони Камол Адвон дар Ғазза ва кормандони беҳдошт, инчунин дигар марказҳои тиббӣ дар ин минтақа буд.
рақами хабар: 2649 Санаи нашр : 2024/12/29
ИКНА - Режими саҳюнистӣ пас аз интиқодҳои Попи Франсис дар мавриди вазъи фоҷиабори инсонӣ дар Навори Ғазза , сафири Ватиканро ба нишони эътироз даъват кард. Ин вокуниш нишонгари нохушнудии Исроил аз ҳамдардии раҳбари католикҳо бо мардуми Ғазза ва таъкид бар озодии асирони исроилӣ мебошад.
рақами хабар: 2634 Санаи нашр : 2024/12/26
ИКНА - Режими ишғолгари саҳюнистӣ ният дорад бар минтақаҳое, ки аз Наҳр то Баҳр доман густурдаанд ва Лубнон, Урдун, Сурия ва бахши бузурге аз Ироқро дарбар мегиранд, тасаллут ёбад. Ин андеша беш аз 125 сол аст, ки дар зеҳни саҳюнистҳо ҷо гирифта ва онҳоро ба идомаи ишғолгарӣ ташвиқ мекунад.
рақами хабар: 2630 Санаи нашр : 2024/12/25
ИКНА - Иҷлоси байналмилалӣ дар бораи вазъияти Фаластин моҳи марти соли 2025 бо ҳузури кишварҳои узви Созишномаи Женева дар Швейтсария баргузор мешавад.
рақами хабар: 2623 Санаи нашр : 2024/12/24
икна - Ҳаракати Ҳамос, бо маҳкум кардани тахрибкории субҳи имрӯзаи режими саҳюнистӣ дар Яман, онро дар идомаи шиддат додани тахрибкорӣ алайҳи мардуми Фаластин, Сурия ва минтақаи араб донист.
рақами хабар: 2599 Санаи нашр : 2024/12/19
ИКНА - Конфронси байналмилалӣ оид ба дурнамои стратегии Русия ва ҷаҳони Ислом рӯзҳои 21 ва 22 декабр дар толори конфронси байналмилалии меҳмонхонаи Mandarin Oriental дар Малайзия бо ҳузури 32 намоянда аз кишварҳои ҷаҳон ва 200 намоянда аз созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳо анҷом шуд.
рақами хабар: 2570 Санаи нашр : 2024/12/14
ИКНА - Манобеи давлатии Ғазза, бо эъломи ин ки аз 64 рӯз қабл токунун дар ҷараёни ҳамалоти ваҳшиёнаи режими ишғолгари Исроил алайҳи шимоли Ғазза, 4 ҳазор нафар дар ин минтақа қатли ом шудаанд, таъкид карданд ки ҳатто имкони наҷоти пайкарҳои шаҳидон дар хиёбонҳо нест ва сагҳо ин пайкарҳоро пароканда мекунанд.
рақами хабар: 2564 Санаи нашр : 2024/12/13