ИКНА - Режими саҳюнистӣ муддаӣ аст, ки ба пирӯзӣ дар ҷанги Лубнон расида, аммо нигоҳи дубора ба ваъдаҳои Исроил барои шурӯи ин ҷанг нишон медиҳад, ки Тел-Авив ба ҳеҷ як аз аҳдофи аслии эълом кардаи худ нарасида ва маҷбур аст бахотири шикаст дар майдон, ин аҳдофро аз тариқи оташбас пайгирӣ кунад.
рақами хабар: 2486 Санаи нашр : 2024/11/27
ИКНА - Нахуствазири Ирландия дар пайи судури дастури байнулмилалии боздошти раҳбарони аршади режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки агар нахуствазир ва вазири собиқи ҷанги ин режим ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд, ҳатман боздошт хоҳанд шуд.
рақами хабар: 2463 Санаи нашр : 2024/11/23
ИКНА - Кумиссари генералии "UNRWA" бо ишора ба кушта шудани кӯдакони фаластинӣ аз сӯи артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ бори дигар таъкид кард, ки Ғазза ба як қабристони кӯдакон табдил шудааст.
рақами хабар: 2456 Санаи нашр : 2024/11/21
ИКНА - Маҳофили режими саҳюнистӣ бо эъломи ин ки Исроил аз ҳадафи худ дар бозгардондани оворагон ба ҷабҳаи шимолӣ дур шудааст, таъкид карданд: Мо ҳамчунон дар ботлоқи Лубнон фурӯ меравем ва қудрати низомии Ҳизбуллоҳ ҳеҷ осебе надидааст ва Исроил қодир ба таҳмили шурути худ дар оташбаси бо Лубнон нест.
рақами хабар: 2455 Санаи нашр : 2024/11/21
ИКНА - Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми шифоҳӣ хитоб ба мардуми муқовим ва ҷангзадаи Лубнон фармуданд: Мо аз шумо ҷудо нестем. Мо бо шмоем. Мо бо шумо яке ҳастем. Дар дардҳо, ранҷҳо ва оломи шумо муштарак ва шарикем ва бо ҳам ҳамдард ва ҳамрангем. Дарди шумо дарди мо аст, ранҷи шумо ранҷи мо аст ва мо аз шумо ҷудо нестем.
рақами хабар: 2446 Санаи нашр : 2024/11/19
ИКНА - Режими саҳюнистӣ 17 октябри 2023 яъне 10 рӯз баъд аз 7 октябри 2023 ба маҷрӯҳон ва оворагони фаластиние, ки дар бемористони Ал-Маъмадонии Ғазза паноҳ гирифта буданд, ҳамлаи ҳавоӣ кард.
рақами хабар: 2414 Санаи нашр : 2024/11/13
ИКНА - Муқовимати исломии Лубнон рӯзи душанбе бо ҳадафи ворид кардани заработи сахт ба режими Исроил, ҳамалоти сангини мушакӣ ба Халиҷи Ҳайфа анҷом дод.
рақами хабар: 2406 Санаи нашр : 2024/11/12
ИКНА - Аврупое, ки баъд аз ҷанги ҷаҳони дувум ва таназзул дар ҷойгоҳи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон саъй кард бо ташкили Иттиҳодия ва ҳамроҳӣ бо Амрико ба ҷойгоҳи қаблии худ баргардад акнун низ саъй мекунад то роҳеро барои таваққуфи ҷанг дар минтақаи ғарби Осиё биёбад вале ба иллати заъфи сиёсии ин Иттиҳодия ва вуҷуди ихтилоф байни аъзо бар сари масъалаи Фаластин токунун ноком мондааст.
рақами хабар: 2401 Санаи нашр : 2024/11/11
ИКНА - Созмони ҳамкории исломӣ ҳамлаи таҷовузкоронаи режими Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таърихи 26 октябри 2024, ки мунҷар ба шаҳодати чаҳор неруи низомии эронӣ ва як ғайри низомӣ шуд, маҳкум кард.
рақами хабар: 2386 Санаи нашр : 2024/11/08
ИКНА - Дабири кулли конгресси миллии Араб, бомдоди панҷшанбе гуфт, ки ҳадафи шаҳидон Насруллоҳ, Ҳания ва Синвор, озодии Фаластин буд.
рақами хабар: 2381 Санаи нашр : 2024/11/07
ИКНА - Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи чаҳоршанбе барои нахустин бор мушаки "Фотеҳ-110"-ро муаррифӣ кард.
рақами хабар: 2380 Санаи нашр : 2024/11/07
ИКНА - Дар рӯзҳои ахир тиловати қуръонӣ дар фазои маҷозӣ пахш шуда, ки онро савти Қуръони Яҳё Синвор, раиси фақиди дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии (Ҳамос) муаррифӣ мекунад дар ҳоле, ки баррасии Алҷазира нишон дод ин тиловат мутааллиқ ба Яҳё Синвор нест.
рақами хабар: 2377 Санаи нашр : 2024/11/06
ИКНА - Расонаҳои арабӣ эълом карданд, ки неруҳои мусаллаҳи Эрон ба дастури Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар дар ҳоли барномарезӣ барои ҳамлае ба режим Исроил ҳастанд, ки “аз назари миқдор ва сифат густардатарин ҳамла то ба имрӯз хоҳад буд”.
рақами хабар: 2363 Санаи нашр : 2024/11/04
ИКНА - Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ аз баргузории ҳамоиши байналмилалии мактаби Насруллоҳ ҳамзамон бо чиҳилумин рӯзи шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар Теҳрон хабар дод.
рақами хабар: 2360 Санаи нашр : 2024/11/03
ИКНА - Маросими роҳпаймоии Явмуллоҳ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои кишвари Эрон субҳи имрӯз, 13-уми обон бо шиори "Роҳиёни Қудс" ва бо ҳузури пурҷӯшу хурӯши донишҷӯён инқилобӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои кишвар баргузор шуд ва мардуми шаҳиддусти Эрони исломӣ ин рӯзи бузургро гиромӣ доштанд.
рақами хабар: 2358 Санаи нашр : 2024/11/03
ИКНА - Ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ) бо интишори паёми тасвирӣ бахшҳое аз суханронии шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли фақиди Ҳизбуллоҳро ёдовар шуд, ки дар он ба режими саҳюнистӣ ҳушдор додааст.
рақами хабар: 2355 Санаи нашр : 2024/11/02
Рӯйдоди ҳунарҳои таҷассумии ҷавонони Машҳад ба хотири гиромидошти қаҳрамонони муқовимати исломӣ, таҳти унвони “Нақши Тӯфон” аз ҷониби муовини таблиғоти исломии Остон Қудси Разавӣ дар толори Қудс дар оромгоҳи Имом Ризо (а) баргузор шуд.
рақами хабар: 2349 Санаи нашр : 2024/11/02
ИКНА - Ҷабҳаи муқовимати исломии Лубнон Шайх Наим Қосимро ба унвони дабири кулли ҷадиди Ҳизбуллоҳ интихоб кард.
рақами хабар: 2337 Санаи нашр : 2024/10/29
ИКНА - Ҷамъе аз аъзои ҷомеаи қуръонии кишвари Эрон бо ҳузур дар яке аз бемористонҳои маҳалли бистарии ҷонбозони лубнонӣ аз ишон боздид карданд.
рақами хабар: 2336 Санаи нашр : 2024/10/29
ИКНА - Ба ҳиммати бунёди Каромати Разавӣ, теъдоди панҷ ҳазор ҷилд Қуръони Маҷид ва Мафотеҳул-ҷинон аз ҳарами мутаҳҳари Разавӣ барои мардуми мазлуми Лубнон ирсол шуд.
рақами хабар: 2332 Санаи нашр : 2024/10/29