ИКНА - Нерӯҳои амниятии Алҷазоир як зани ҷодугарро ба иттиҳоми беҳурматӣ ба Қуръон бо ҳадафи таблиғи ҷодугарӣ боздошт карданд.
рақами хабар: 3367 Санаи нашр : 2025/05/21
ИКНА - Шӯрои робитаи исломӣ-амрикоӣ (CAIR) беэҳтиромӣ ба Қуръони Карим дар донишгоҳи Калифорнияро ба шиддат маҳкум кард.
рақами хабар: 3358 Санаи нашр : 2025/05/19
ИКНА - Умедризо Раҳимӣ, қорӣ ва ҳофизи равшанҳисси Қуръони Карим ва яке аз аъзои Карвони қуръонии Нур, бо ҳузур дар миёни ҳоҷиёни Байтуллоҳи Ҳаром, фарозе аз сураи мубораки «Ар-Раҳмон»-ро тиловат кард.
рақами хабар: 3349 Санаи нашр : 2025/05/18
ИКНА - Пулиси фурудгоҳи Малпенса дар шаҳри Милани Италия, Расмус Палудан, сиёсатмадори ифротгаро ва маъруф ба тавҳини доимӣ ба Қуръони Каримро ҳангоми вуруд ба қаламрави ин кишвар боздошт кард.
рақами хабар: 3346 Санаи нашр : 2025/05/16
ИКНА - Умар, хаттоти 60-солаи марокашӣ, бо вуҷуди маълулияти ҷисмие, ки аз кӯдакӣ гирифтораш будааст, ба иллати ишқи фаровонаш ба китобати Қуръони Карим, бо халлоқияте тавсифнопазир як мусҳафро бар рӯйи пустини буз китобат кардааст.
рақами хабар: 3344 Санаи нашр : 2025/05/16
Бо ҳукме аз сӯи раиси Ҷиҳоди донишгоҳӣ анҷом гирифт
ИКНА - Раиси Ҷиҳоди донишгоҳӣ бо содир кардани ҳукме, аъзои Шӯрои сиёсатигузорӣ ва котиби давраи ҳафтуми мусобиқоти байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусалмонро таъин кард.
рақами хабар: 3339 Санаи нашр : 2025/05/14
ИКНА - Шайх Ал-Башир яке аз муаллимони Қуръон дар масҷиди Тиҷония дар Алҷазоир аст, ки тавонистааст шогирдонашро бо истифода аз усули суннатии машқ ва имло ба ҳифзи каломи Худо ошиқ намояд.
рақами хабар: 3334 Санаи нашр : 2025/05/12
ИКНА - Намояндагони кишварамон дар сездаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Либия натавонистанд аз марҳилаи муқаддамотӣ гузаранд ва ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот роҳ ёбанд.
рақами хабар: 3332 Санаи нашр : 2025/05/12
ИКНА - Сиюдувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Миср бо гиромидошти номи устод Шаҳҳот Муҳаммад Анвар, қории маъруфи Миср ва ҷаҳони Ислом баргузор мешавад.
рақами хабар: 3327 Санаи нашр : 2025/05/12
Микоили Боқирӣ:
ИКНА - Мудири кулли бахши Қуръон, Итра ва намоз дар Вазорати маориф гуфт: қарор аст тибқи Барномаи ҳафтуми рушди кишвар дар панҷ соли оянда 1200 мактаби расмӣ барои ҳифзи Қуръони Карим таъсис дода шавад. Чанд мактаб низ алҳол ба таври озмоишӣ фаъолият доранд.
рақами хабар: 3325 Санаи нашр : 2025/05/12
ИКНА - Вил Смит, ҳунарманди амрикоӣ ва барандаи чандин ҷоизаи "Оскар", ҷузъиётеро аз дилбастагии худ ба Қуръони Карим ифшо кард. Ӯ аввалин чеҳраи машҳури амрикоӣ нест, ки ба хондани Қуръон изҳори алоқа мекунад.
рақами хабар: 3311 Санаи нашр : 2025/05/07
ИКНА - Дорулкутуб (Китобхонаи миллии Миср) яке аз бахшҳои Созмони кулли китобхонаҳо ва ҳуҷҷатҳои миллии Миср аст, ки Қуръонҳои нодир ва гаронбаҳои таърихиро дар худ нигоҳ медорад.
рақами хабар: 3307 Санаи нашр : 2025/05/06
ИКНА - Вазорати умури исломии Арабистони Саудӣ беш аз 5000 нусха Қуръонро миёни боздидкунандагони Намоишгоҳи байналмилалии китоби Абузабӣ 2025 тақсим кард.
рақами хабар: 3302 Санаи нашр : 2025/05/06
ИКНА - Ишғолгарони саҳюнист бо усулҳои мухталиф барои ҷамъоварии нусхаҳои хаттии исломӣ кӯшиш кардаанд. Низомиёни исроилӣ ҳамроҳ бо гурӯҳҳои алоқаманд ба осори бостонӣ мешуданд, то тамоми санадҳо ва нусхаҳои хаттиро аз деҳаҳо ва шаҳрҳои Фаластин дуздида баранд.
рақами хабар: 3297 Санаи нашр : 2025/05/05
Ба гузориши ИКНА ба нақл аз "Сайидатӣ", Вазорати умури исломии Арабистони Саудӣ бо ифтитоҳи ғурфаи (павилён) дар ин давраи намоишгоҳи китоби Тунис, 6 ҳазор нусха аз 10 ҳазор нусхаи Қуръони каримро, ки ба унвони тӯҳфа барои меҳмонон дар назар гирифта буд, ба онҳо тақдим намуд.
рақами хабар: 3293 Санаи нашр : 2025/05/04
ИКНА - Остони Ҳусайнӣ эълом кард, ки то кунун 50 кишвар барои ширкат дар чаҳорумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон бо номи «Ҷоизаи Карбало» номнавис кардаанд.
рақами хабар: 3281 Санаи нашр : 2025/04/30
Дар як муассисаи омӯзиши қуръонӣ дар вилояти Мардин, воқеъ дар ҷануби Туркия, занони камшунав ва ношунаворо ба забони ишора Қуръон ва маъорифи динӣ меомӯзонанд.
рақами хабар: 3278 Санаи нашр : 2025/04/29
ИКНА - Ҷаласаи маҷмаи машваратии Шӯрои ҳамоҳангии фаъолиятҳои Қуръон ва Итрати донишгоҳҳо имрӯз дар муассисаи намояндагии мақоми муаззами раҳбарӣ дар донишгоҳҳо баргузор шуд ва дар ҷараёни он хабар аз баргузории сию нӯҳумин давраи ҷашнвораи миллӣ Қуръон ва Итрати донишҷӯён дар моҳи шаҳривари соли ҷорӣ ва баргузории мусобиқоти байналмилалии Қуръони донишҷӯёни мусулмон дода шуд.
рақами хабар: 3271 Санаи нашр : 2025/04/28
Муҳаққиқони ношинохтаи қуръонӣ / 65
ИКНА - Томас Балантайн Ирвинг, нависанда ва устоди омӯзиши Ислом, нахустин тарҷумони Қуръон дар Амрикои Шимолӣ ба шумор меравад, ки бо асари худ роҳгушои дигар тарҷумонҳо дар ин минтақа шуд.
рақами хабар: 3264 Санаи нашр : 2025/04/27
ИКНА - Иброҳим Убайд, ки хонаводааш дар бахши китобдорӣ фаъолият доранд, дар суханонаш ба навиштани дастнависи Қуръони Карим пардохта ва таъкид кардааст, ки идеяи ӯ дар бораи рӯнависии Қуръони Карим боиси афзоиши алоқамандони хаттотии забони арабӣ шудааст.
рақами хабар: 3259 Санаи нашр : 2025/04/27