Яке аз соҳибкорони Урдун бо ҳадафи пуштибонӣ аз издивоҷ ва ташкили оила эълом кард: ҷавононе, ки шаш ҷузъи Қуръонро ҳифз кунанд, дар сурати издивоҷ аз кумакҳои молиявӣ бархурдор хоҳанд шуд.
рақами хабар: 4303 Санаи нашр : 2026/01/06
Раиси Анҷумани Қуръони шаҳри Зоҳидон гуфт: Ризо Сафдарӣ, қории барҷаста ва хушовози устони Систону Балучистон, бо шоистагӣ ва пешниҳоди қироати таҳқиқи шоистаи таҳсин, бори аввал ба мусобиқаҳои байналмилалии қироати Қуръони Қатар роҳ ёфта, ба шаҳри Доҳа пойтахти ин кишвари исломӣ сафар кард.
рақами хабар: 4302 Санаи нашр : 2026/01/06
Вазири корҳои динӣ ва авқофи Алҷазоир дирӯз бо доварони хориҷии бисту якумин мусобиқаи байналмилалии Қуръонии ин кишвар дидору гуфтугӯ анҷом дод.
рақами хабар: 4300 Санаи нашр : 2026/01/05
Бисту шашумин мусобиқаҳои ҷумҳуриявии ҳифзи Қуръони Карим бо ташаббуси Анҷумани вақфи исломии Ҷопон дар ин кишвар баргузор гардид.
рақами хабар: 4298 Санаи нашр : 2026/01/04
Шайх Алӣ Ҷумъа Майонга, мутарҷими Қуръони Карим ва таблиғгари барҷастаи Африқои Шарқӣ, пас аз таҳаммули як давраи тӯлонии беморӣ аз дунё даргузашт.
рақами хабар: 4293 Санаи нашр : 2026/01/03
Нашри дуввуми тарҷумаи Қуръони Карим ба забони босниягӣ, ки онро «Асад Дуракович» — устоди донишгоҳ ва узви Академияи илм ва санъати Босния ва Ҳерсеговина (ANU) анҷом додааст, аз Истанбул ба Сараево расид.
рақами хабар: 4291 Санаи нашр : 2026/01/03
Маркази байналмилалии таблиғи Остони муқаддаси Ҳусайнӣ аз талошҳо барои омодасозии ин марказ ҷиҳати баргузории маъракаи Рӯзи ҷаҳонии Қуръон дар солрӯзи мабъаси Паёмбар (с) хабар дод.
рақами хабар: 4290 Санаи нашр : 2026/01/03
Муҳаммадҷавод Неъматуллоҳӣ, ҳофизи кулли Қуръон, дар давроне, ки ҳифзи комил ва тартибӣ маъмул набуд, ҳамчун қории муртал низ шуҳрат дошт. Ҳама ӯро бо рафторе мешиносанд, ки аз омӯзишҳои Қуръонӣ баргирифта шудааст; ҳатто гуфтор, ҳаракат ва рафтораш низ тартилмонанд аст. Мегӯянд, ӯ ҳатто барои пирӯзии рақибаш ду ракъат намоз хондааст. Гурӯҳе аз аъзои ҷомеаи қуръонӣ рӯзи гузашта ба номи ӯ ҷамъ омаданд, то ба навъе аз яке аз шахсиятҳои фаромӯшшуда узрхоҳӣ кунанд; шахсе, ки пешсафи ҷараёни фаъолиятҳои Қуръонии кишвар будааст.
рақами хабар: 4289 Санаи нашр : 2026/01/03
Тааммул дар сураҳои ҷузъи сиюм; «Ҳумаза»
Коршинос ва омӯзгори Қуръон гуфт: бар асоси ривоятҳое, ки аз маъсумон (а) нақл шудаанд, ҳамз (айбҷӯӣ) ва ламз (бадгӯӣ) боис мешаванд ризқу рӯзӣ аз байн равад ва инсон дар зиндагӣ ба фақру фалокат гирифтор шавад ва бо марги сахт аз дунё биравад.
рақами хабар: 4288 Санаи нашр : 2026/01/03
Барои нахустин бор дар ҷаҳони ислом
Тиловати тартили тамоми Қуръон ба сабки эронӣ бори аввал бо садои Муҳсин Яраҳмадӣ — омӯзгор, қорӣ ва довари мусобиқоти Қуръон — дар шабакаи паёмрасони Телеграм нашр шуд.
рақами хабар: 4287 Санаи нашр : 2026/01/02
Маркази нави ҳифзи Қуръони Карим бо номи «Омина» бо иқдоми Муассисаи хайрияи Қатар дар минтақаи «Каҳда» аз вилояти «Банодир»-и Сомалӣ ифтитоҳ гардид.
рақами хабар: 4285 Санаи нашр : 2026/01/02
Маркази исломии Ал-Азҳар ва Радиои Қуръони Миср дар ояндаи наздик лоиҳаеро бо ҳадафи сабти тиловатҳои нави Қуръон роҳандозӣ хоҳанд кард.
рақами хабар: 4284 Санаи нашр : 2026/01/02
Бисту якумин мусобиқоти байналмилалии Қуръон Ҷоизаи Алҷазоир бо ҳузури намояндагони беш аз 48 кишвар ба кори худ оғоз кард.
рақами хабар: 4281 Санаи нашр : 2026/01/01
Истиғфор дар Қуръони Карим / 8
Таъсири истиғфор танҳо ба бахшида шудани гуноҳон маҳдуд намешавад, балки монеаҳои расидани хайр ва раҳмати илоҳиро ба инсон низ бартараф месозад.
рақами хабар: 4280 Санаи нашр : 2025/12/31
Навои ваҳй
Номи Парвардигори бузургатро ба ёд ор, дилро аз ҳама бибур ва танҳо ба Ӯ бипайванд. Он Парвардигори Машриқ ва Мағриб аст, ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест, пас танҳо Ӯро вакил ва корсози худ қарор деҳ.
(Оятҳои 8 ва 9, сураи «Муззаммил»)
рақами хабар: 4279 Санаи нашр : 2025/12/30
110 ҳофизи Қуръони уммонӣ дар барномаи хатми Қуръони Карим аз ҳифз дар шаҳри «Салола»-и ин кишвар ширкат карданд.
рақами хабар: 4275 Санаи нашр : 2025/12/30
Пас аз ҳодисаи Қуръонсӯзӣ дар назди масҷиди бузурги Стокҳолм, дархостҳо барои харидории тарҷумаи Қуръони Карим ба забони шведӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтанд ва шояд ин яке аз таъсироти мусбати ин рӯйдоди талх дар Шветсия бошад.
рақами хабар: 4273 Санаи нашр : 2025/12/29
Пажӯҳишгари индонезӣ:
Муҳаммад Антон Асӯэлуллоҳ, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари индонезӣ, таъкид кард: беҳурматӣ ба Қуръон танҳо ифодаи таҳқир нисбат ба мусулмонон нест, балки чолиш ва таҳдиде барои арзишҳои ҳамзистии осоишта, озодии дин ва ҳамбастагии иҷтимоӣ ба шумор меравад.
рақами хабар: 4271 Санаи нашр : 2025/12/29
Садои қироати оятҳои 22 то 26-и сураи «Шӯро», ҳамчунин оятҳои сураи «Кавсар», бо овози Ризо Ҷовидӣ — қории Ҳарами Разавӣ — ба таваҷҷуҳи шунавандагони ИҚНО пешниҳод мегардад.
рақами хабар: 4270 Санаи нашр : 2025/12/28
Истиғфор дар Қуръони Карим / 7
Дар оятҳои Қуръони Карим истиғфор ҳамчун яке аз шартҳои дохил шудан ба биҳишт ва ҳамчунин ҳамчун одати дунявии аҳли биҳишт муаррифӣ шудааст.
рақами хабар: 4266 Санаи нашр : 2025/12/28